Амният ва иқтисод дар меҳвари ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА
30-юми июни соли 2026 дар шаҳри Вашингтон даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Ин нишаст, ки пас аз танаффуси чаҳорсола доир шуд, аз муҳимтарин рӯйдодҳои дипломатии муносибатҳои ду кишвар дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.
Амният меҳвари асосии ҳамкорӣ
Машваратҳо таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур баргузор шуда, ҳамзамон дар доираи ин сафар мулоқоти алоҳидаи Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио низ сурат гирифт.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ҷонибҳо дар машваратҳои сиёсӣ масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромарзиро муфассал баррасӣ кардаанд. Ҳар ду кишвар аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид намудаанд.
Аз ҷониби худ, Департаменти давлатии ИМА низ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон дар пешгирии густариши терроризм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қаламрави Афғонистон нақши калидӣ дорад. Ин арзёбӣ нишон медиҳад, ки Вашингтон Тоҷикистонро яке аз шарикони муҳими худ дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ медонад.
Бо назардошти ҳаммарзии беш аз 1300-километраи Тоҷикистон бо Афғонистон, масъалаҳои амниятӣ ҳамеша дар маркази муносибатҳои Душанбе ва Вашингтон қарор доштаанд. ИМА солҳои зиёд барои таҳкими иқтидори неруҳои марзбонӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва рушди имкониятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кумак кардааст.
Иқтисод – самти нави ҳамкорӣ
Яке аз мавзуҳои муҳими гуфтушунидҳои Вашингтон густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ будааст. Дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Марко Рубио масъалаҳои афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар самтҳои саноат, энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, иқтисоди рақамӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок ва ғайраро баррасӣ кардаанд.
Таваҷҷуҳ ба маъданҳои муҳим
Дар изҳороти расмии Департаменти давлатии ИМА махсусан ба рушди ҳамкорӣ дар бахши маъданҳои муҳим (Critical Minerals) ишора шудааст. Ин мавзуъ имрӯз яке аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодии Амрико маҳсуб мешавад.
Солҳои охир рақобати ҷаҳонӣ барои дастрасӣ ба маъданҳои стратегӣ хеле шадид шудааст. Литий, сурма, волфрам, нуқра, мис ва дигар металлҳои нодир барои истеҳсоли батареяҳои мошинҳои барқӣ, таҷҳизоти электронӣ, саноати кайҳонӣ ва технологияҳои ҳарбӣ заруранд. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданҳои кӯҳӣ мебошад ва коршиносон бар ин назаранд, ки метавонад ба яке аз таъминкунандагони муҳими ашёи хом дар минтақа табдил ёбад.
Ҳанӯз моҳи ноябри соли 2025 ширкатҳои амрикоӣ ва тоҷикӣ созишномаҳои ҳамкориро ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар имзо карда буданд.
Формати C5+1
Дар мулоқоти Марко Рубио ва Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аҳамияти ҳамкорӣ дар доираи формати C5+1 таъкид гардид.
Ин платформа Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро муттаҳид мекунад.
Дар доираи ин формат масъалаҳои амният, иқтисод, энергетика, тағйирёбии иқлим, нақлиёт ва рушди минтақавӣ баррасӣ мешаванд. Вашингтон солҳои охир кӯшиш дорад маҳз тавассути ҳамин механизм ҳамкориҳои худро бо кишварҳои минтақа густариш диҳад ва ҳузури худро дар минтақа муассир созад.
Ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ
Яке аз мавзуҳои ҷолиби мулоқот ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ буд.
Департаменти давлатии ИМА аз имзои Ёддошти тафоҳуми панҷсолаи дуҷониба дар моҳи апрели соли 2026 ёдовар шуд.
Ин аввалин санади чунин сатҳ дар доираи стратегияе мебошад, ки маъмурияти Доналд Трамп барои ҳамкориҳои байналмилалии тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ қабул кардааст.
Барнома ба баланд бардоштани масъулияти муштарак, худкифоии миллӣ ва шаффофияти бештари низоми тандурустӣ равона шудааст.
Платформаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА собиқаи беш аз се даҳсола доранд. Пас аз истиқлоли Тоҷикистон Вашингтон тавассути барномаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла USAID дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идоракунии давлатӣ кумакҳои молӣ ва техникӣ расонидааст. Бар асоси маълумоти расмии ИМА, ҳаҷми умумии кумакҳои ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон то соли 2020 аз 2 миллиард доллар гузашта буд.
Формати машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА соли 2010 таъсис ёфта, ҳамчун майдони доимии баррасии масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва минтақавӣ истифода мешавад. Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ин машваратҳоро яке аз абзорҳои асосии дуҷониба дар муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА тавсиф кардааст.
Бозгашти ин машваратҳо пас аз чанд соли таваққуф нишон медиҳад, ки Вашингтон мехоҳад дар Осиёи Марказӣ ҳузури фаъолтар дошта бошад. Барои Тоҷикистон бошад, муколама бо ИМА метавонад як имкони иловагӣ барои ҷалби сармоя, дастрасӣ ба технология, таҳкими амнияти марзӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ бошад.
Коршиносон бар он назаранд, ки натиҷаҳои сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Вашингтон нишон медиҳанд, ки ҳам Душанбе ва ҳам Вашингтон мехоҳанд муносибатҳои худро бештар амалӣ ва иқтисодмеҳвар созанд.
Одил НОЗИР
Тафсилоти бештар дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ