Нархи партовбарорӣ дар Душанбе 30 фоиз боло рафт (видео)
Аз 1 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе тарофаҳои нави хизматрасонии баровардани партовҳои сахти маишӣ ҷорӣ мешаванд.
Тибқи қарорҳои роҳбарони ноҳияҳои пойтахт, ҳаққи хизматрасонӣ барои аҳолӣ ба ҳисоби миёна тақрибан 30 фоиз зиёд мегардад.
Барои сокинон тарофаи моҳонаи баровардани партов ба ҳар нафар вобаста ба намуди манзил чунин муқаррар шудааст:
Ноҳияи Сино:
– хонаҳои ҳавлигӣ – 7,30 сомонӣ;
– ҳавлиҳои ғайриобод – 7,10 сомонӣ;
– биноҳои баландошёна бо партовпарто – 6,30 сомонӣ;
– биноҳои баландошёна бе партовпарто – 5,10.
Ноҳияи Шоҳмансур:
– хонаҳои ҳавлигӣ – 6,90 сомонӣ;
– ҳавлиҳои ғайриобод – 6,60 сомонӣ;
– биноҳои баландошёна бо партовпарто – 5,80 сомонӣ;
– биноҳои баландошёна бе партовпарто – 4,80 сомонӣ.
Ноҳияи Фирдавсӣ:
– хонаҳои ҳавлигӣ – 7,10 сомонӣ;
– ҳавлиҳои ғайриобод – 6,80 сомонӣ;
– биноҳои баландошёна бо партовпарто – 6,10 сомонӣ;
– биноҳои баландошёна бе партовпарто – 5,00 сомонӣ.
Ноҳияи Исмоили Сомонӣ:
– хонаҳои ҳавлигӣ – 7,10 сомонӣ;
– ҳавлиҳои ғайриобод – 6,60 сомонӣ;
– биноҳои баландошёна бо партовпарто – 5,80 сомонӣ;
– биноҳои баландошёна бе партовпарто – 4,80 сомонӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ