Ғуруби Ғарибшо. Бахтиёр Раҳимов то охирин нафас бо мардум буд
Даргузашти Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи “Ғарибшо-компания” ҷомеаи фарҳангии кишвар ва ҳазорон мухлиси ӯро андуҳгин кард. Ба иттилои наздиконаш, марҳум шаби 30-юми июн дар синни 56-солагӣ дар ҷараёни иҷрои барномаи ҳунарӣ дар истироҳатгоҳи “Шоҳамбарӣ” ҷон ба ҷонофарин таслим кард.
Ба гуфтаи дӯст ва ҳамбози ӯ Ташриф Халилов, Бахтиёр рӯйи дастонаш се бор “нафас, нафас, нафас” гуфта, ҷон додааст.
Бахтиёр Раҳимов, ки мардум ӯро бештар бо тахаллуси “Ғарибшо” мешинохтанд, беш аз се даҳсола рӯйи саҳна буд. Ӯ бо лаҳни сода, чеҳраи кушода, табассум ва саҳначаҳое, ки аз зиндагии ҳаррӯзаи мардум сарчашма мегирифтанд, ба дили тамошобинон роҳ ёфт.
Гурӯҳи “Ғарибшо-компания” соли 2000-ум таъсис ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба яке аз маъруфтарин гурӯҳҳои ҳаҷвии кишвар табдил шуд. Номи гурӯҳ низ рамзӣ буд. Ба гуфтаи худи Бахтиёр Раҳимов, дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва муҳоҷират ин ном бо орзуи бозгашти ғарибон ба Ватан интихоб шуда буд.
Роҳи Бахтиёр Раҳимов ба саҳна ҳамвор набуд. Ӯ дар кӯдакӣ орзу дошт табиб шавад, аммо тақдир ӯро ба олами ҳунар овард. Дар мактаб бештар нақшҳои мазҳакавӣ мебозид ва аз ҳамон солҳо истеъдоди хоси ӯ дар хандонидани одамон намудор мешуд. Баъди хатми мактаб мехост ба Донишкадаи санъат дохил шавад, вале дар оғоз қабул нашуд. Ҳатто, ба гуфтаи худи ӯ, бархе бовар надоштанд, ки аз вай ҳунарманд мебарояд. Аммо ин нокомӣ ӯро аз роҳ нагардонд. Пас аз хизмати ҳарбӣ фаъолияти саҳнавиашро дар театри “Гаҳвора” оғоз кард ва баъдан тавонист ба Донишкадаи санъат дохил шавад.
Ҳунари ӯ маҳз дар солҳои душвори баъди ҷанг рушд кард. Дар он давра ҷомеа ба ҳаҷв ниёз дошт. Саҳначаҳои “Ғарибшо-компания” барои бисёриҳо дар он шабу рӯзи андуҳбор малҳами рӯҳу ҷон буд.
Бахтиёр Раҳимов борҳо таъкид мекард, ки ҳаҷв танҳо барои хандонидан нест. Ба назари ӯ, ҳаҷв бояд мақсад дошта бошад, камбудии ҷомеаро нишон диҳад, инсонро ба андеша водор кунад ва ахлоқу рафтори мардумро ислоҳ намояд. Ӯ мегуфт, ки ханда метавонад одамро сабуктар кунад, дардашро кам кунад ва ҳатто рӯҳан табобат намояд.
Солҳои охир Бахтиёр Раҳимов аз вазъи ҳаҷв дар кишвар бо дард сухан мегуфт. Дар як мусоҳибааш гуфта буд: “Ҳаҷв мурдаву ханда дар мотамаш нишастааст”. Ӯ аз он нигарон буд, ки ҳаҷви воқеӣ ҷойи худро ба шӯхиҳои сабук ва кӯчагӣ медиҳад. Ба андешаи ӯ, агар масъулон ба ҳаҷв ва театри мазҳакавӣ ҷиддӣ муносибат мекарданд, ин жанр метавонист дар тарбияи ҷомеа, пешгирии камбудиҳо ва ҳатто таҳкими фазои солими иҷтимоӣ нақши муҳим бозад.
Бахтиёр Раҳимов ҳеҷ унвоне надошт. Ӯ солҳои охир дар тӯйҳо, маҳфилҳо, осоишгоҳҳо ва ҷамъомадҳо ҳунарнамоӣ мекард. Барои ӯ муҳаббати мардум аз ҳар унвон болотар буд. Вақте аз ӯ мепурсиданд, ки оё орзуи гирифтани унвон дорад ё не, посух медод, ки унвони ӯ ҳамин муҳаббати халқ аст. Воқеан, ӯ ҳунарманди мардумӣ буд, ҳатто агар ин унвонро расман нагирифта бошад.
Дар зиндагии шахсӣ низ рӯзгори осон надошт. Солҳо иҷоранишин буд ва дертар мушкили манзилаш бо кумаки соҳибкори тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ҳал шуд…
Марги ӯ низ рамзӣ буд. Бахтиёр Раҳимов то нафасҳои охирин дар саҳна ва миёни мардум монд. Тавре ишора шуд, пеш аз бад шудани ҳолаш дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” баромад карда, мардумро хандонда буд. Чун эҳсос мекунад, ки ҳолаташ бад мешавад, навбатро ба овозхоне медиҳанду худ ба пушти саҳна рафта, мегӯяд, ки саломатиам хуб нест. Духтур омада мебинад, ки фишораш то 30 паст шудааст. Дар ҳамон ҷо ҷон месупорад. Гӯё сарнавишт хост сухани худи ӯ амалӣ шавад: “Ғарибшо дар саҳна зода шудааст ва дар саҳна ҷон медиҳад”.
Бахтиёр Раҳимов орзуҳои зиёде дошт. Ӯ мехост нақшҳои бузург, аз ҷумла образҳои мураккаби драмавиро иҷро кунад, вале ин орзуро бо худ ба хок бурд. Зуҳри рӯзи 1-уми июл бо иштироки ҳазорон нафар аз мухлисонаш ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш деҳаи Ноҷии Ҳисор хонда шуд ва хок ин ҳунарманди маъруфро ба оғӯш кашид…
Н. ОДИЛ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ