Модари театри тоҷик зодрӯз дорад (видео)

Имрӯз аз зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова аст. Ӯ 2 июли соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи косиб ба дунё омадааст.

Хайрӣ Назарова яке аз чеҳраҳои барҷастаи театру синамои тоҷик дар давраи шӯравӣ буд. Фаъолияти ҳунарии худро ҳамчун сароянда ва раққосаи Театри халқии ноҳияи Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза) оғоз намуда, солҳои 1951-1977 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кардааст.

Ӯ дар даҳҳо намоишномаи маъруф нақшҳои хотирмон офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Зӯҳро дар «Тоҳир ва Зӯҳро», Ойхон дар «Найрангҳои Майсара», Райҳон дар «Арӯси панҷсӯма», Савсан дар «Номус», Ширин дар «Афсонаи ишқ», Қумрӣ дар «Дил-дили Зайнаб», Ҷамила дар «Бой ва хизматгор», Нигина дар «Рӯдакӣ», Манижа дар «Бежан ва Манижа» ва Соттӣ дар «Исёни арӯсон» аз беҳтарин офаридаҳои ӯ маҳсуб мешаванд.

Хайрӣ Назарова 10-уми майи соли 2020 дар 90-солагӣ даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *