Дархости Тоҷикистон аз Агентии рейтингии байналмилалии “Standard & Poor’s”

Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни мулоқот бо намояндагони Агентии рейтингии байналмилалии “Standard & Poor’s” дар Тоҷикистон барои дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар ба агентии мазкур изҳори миннатдорӣ намуд.

Вай дар ин мулоқот қайд кард, ки дар соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон устувории макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардид.

Қайд карда шуд, ки дар соли 2025 суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,4%-ро ташкил додааст.

Бо назардошти дар 5 соли охир зиёда аз 8-фоизӣ таъмин гардидани рушди иқтисодии кишвар аз Агентии рейтингии байналмилалии “Standard & Poor’s” дархост карда шудааст, ки дурнамои худро нисбати Тоҷикистон вобаста ба устувор гардидани рушди иқтисоди миллӣ дар давраи миёнамуҳлат баланд бардоранд.

Дар доираи мулоқот ҳайати миссияи таҳлилгарони Агентӣ ба устувории макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистон дар соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026 баҳои сазовор дода, қайд намудаанд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна иқтисоди миллӣ дар кишвар дар солҳои охир дар сатҳи баланд таъмин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *