Нетаняҳу: Аз Лубнон хориҷ намешавем…

Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар сафараш ба минтақаҳои таҳти назорати артиши Исроил дар ҷануби Лубнон гуфт, то замоне ки Ҳизбуллоҳ барои амнияти Исроил таҳдид боқӣ мемонад, неруҳои исроилӣ аз ин минтақа ақибнишинӣ намекунанд.

Ӯ рӯзи сешанбе, 30-юми июн дар дидор бо сарбозон таъкид кард, ки ҳузури артиши Исроил дар ҷануби Лубнон идома хоҳад ёфт.

Ин нахустин сафари Нетаняҳу ба ин минтақа пас аз тавофуқи амниятии Исроилу Лубнон аст, ки ҳафтаи гузашта бо миёнҷигарии ИМА ҳосил шуд.

Гузоришҳо мегӯянд, ки дар ин даргириҳо беш аз 4 ҳазор сокини осоишта кушта ва зиёда аз як миллион нафар овора шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *