Бонки ҷаҳонӣ: $300 млн барои идомаи сохтмони”Роғун” тасдиқ шуд
Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии”Роғун” боз 300 миллион доллар медиҳад. Дар ин бора қарори Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 30-юми июни соли ҷорӣ тасдиқ шуд.
Ба иттиллои Бонки Ҷаҳонӣ, ин маблағ барои идомаи корҳои сохтмонӣ, харид ва насби таҷҳизот барои истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин татбиқи чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯчонидан ва барқарор кардани манбаъҳои даромади хонаводаҳои зарардида равона мешавад.
Дар маҷмӯъ, Бонки ҷаҳонӣ ба “Роғун” дар ду марҳила 650 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Марҳилаи аввал дар ҳаҷми 350 миллион доллар охирҳои соли 2024 тасдиқ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ