Ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов даргузашт

Ҳаҷвнигор ва ҳунарманди маъруфи тоҷик Бахтиёр Раҳимов шаби гузашта аз олам чашм пӯшид. Дар бораи даргузашти ӯ дӯстону наздикон ва ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Ба иттилои онҳо, маросими ҷанозаи марҳум имрӯз, 1 июл, соати 10:00 дар деҳаи Ноҷии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Бахтиёр Раҳимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи ҳаҷви тоҷик маҳсуб шуда, солҳои зиёд бо ҳунари нотакрор ва нақшҳои ҷолиби худ миёни тамошобинон маҳбубият пайдо карда буд. Ӯ яке аз ҳунармандони асосии гурӯҳи машҳури ҳаҷвии «Ғарибшо компания» буд ва дар даҳҳо барномаи ҳаҷвӣ, саҳнаҳои театрӣ ва наворҳои телевизионӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Бо маҳорати баланди актёрӣ, сухани нишонрас ва тарзи хоси иҷрои нақшҳо, Бахтиёр Раҳимов тавонист дар рушди санъати ҳаҷвии тоҷик саҳми арзанда гузорад. Нақшҳои офаридаи ӯ солҳо боиси ханда ва болидахотирии ҳазорон бинанда гардида, номи ӯро ба яке аз ҳунармандони дӯстдоштаи мардум табдил дод.

Даргузашти Бахтиёр Раҳимов барои ҷомеаи фарҳангӣ ва ҳаводорони ҳунари ҳаҷв талафоти бузург аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *