Нусратулло Махсум – шахсияти барҷастаи таърихи сиёсии Тоҷикистон (видео)


Имрӯз зодрӯзи Нусратулло Махсум, Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Ӯ 1 июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд шудааст.

 Нусратулло Махсум яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи сиёсии Тоҷикистон ва аз поягузорони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст. Ӯ дар солҳои инқилоби якуми Русия (1905–1907) дар ҳаракатҳои корпартоӣ ва намоишҳои коргарони шаҳри Қӯқанд фаъолона иштирок кард. Бо суқути аморати Бухоро дар натиҷаи инқилоби халқии соли 1920, Махсум ба сафи муборизони роҳи Ҳокимияти Шӯроҳо пайваст ва дар таҳкими давлатдории нав дар Бухорои Шарқӣ саҳм гузошт.

Нусратулло Махсум 1-уми декабри 1926, дар Анҷумани муассисони Шӯроҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх якдилона ба ҳайси раиси Комитети Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар ҳамин вазифа то моҳи декабри соли 1933 адои хизмат кард.

Мутаассифона, ӯ низ дар гирдоби таъқиботи сиёсӣ ва мавҷи “душмантарошӣ”-и солҳои 1937 ба дасти золимон афтод ва 1-уми ноябри 1937 ба қатл расонида шуд. Танҳо баъди солҳои тӯлонӣ, дар моҳи декабри соли 1958 бегуноҳ эълон гардид. 27 июни соли 2006 ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Моҳи майи соли 2026 бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум оварда шуд, ин иқдом рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *