Боздиди Дабири кулли СААД аз марзи Тоҷикистону Афғонистон
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Таалатбек Масадиқов зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз чанд дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон боздид кард.
Тавре СААД хабар медиҳад, сафари Масадиқов аз 24 то 26-уми июни соли равон идома дошт ва ӯ аз марзи ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, як қатор дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, гузаргоҳи назоратӣ ва се қисми ҳарбӣ дидан кардааст.
Инчунин, Дабири кулли СААД бо ҷараёни сохтмони роҳи сарҳадӣ дар минтақаи кӯҳистонӣ ва душворгузари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шинос шуда, бо корҳои иҷрошаванда аз наздик ошно гардидааст.

Дар доираи сафар Масадиқов бо намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаи байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Қаблан СААД эълон карда буд, ки барои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротгарое, ки дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон фаъолият мекунанд, нақшаи чораҳои муштаракро таҳия кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1 400 километр буда, он яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти минтақа ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ