Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуарте
Имрӯз,1 июл дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб ва баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои мудирони Бунёд дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Бунёди иқлими сабз, ки имрӯз дар ҳоли рушд қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд.

“Ба масоили вобаста ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ, мудирияти захираҳои об ва коҳиши хавфу таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Аз тасдиқ шудани Барномаи кишварии сармоягузории Бунёд дар Тоҷикистон ва Барномаи нави минтақавии “Аз пиряхҳо то хоҷагидорон” истиқбол карда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд.
Ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба идома ва густариши робитаҳои судбахш дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ