Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ аз хатари сел ва хокбориш

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел ва баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво дар чанд минтақаи кишвар ҳушдор дод.

Ба иттилои агентӣ, рӯзҳои 1-3 июл дар натиҷаи боришот дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон хатари  омадани сел боқӣ мемонад.

Ҳамчунин, рӯзҳои 2-4 июл дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар ворид шудани хокбориш аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво аз моддаҳои муаллақ, аз ҷумла зарраҳои PM10 ва PM2.5 пешбинӣ мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ аз сокинон даъват кардааст, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *