Бунёди наздики 200 иншооти ҷашнӣ дар Норак
Дар шаҳри Норак ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар наздики 200 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардидааст.
Шамшод Ҳамидов, сардори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Норак дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки нақша 180 иншоот буд ва он пеш аз муҳлат иҷро шудааст.
Ӯ мегӯяд, бо супориши раиси вилояти Хатлон ба нақша тағйирот ворид гардид ва бунёди 17 иншооти дигар ба назар гирифта шуд.
“Аз 17 иншоот 14 адади он сохта ба истифода дода шуд ва то сентябри соли равон, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар пурра ба охир мерасад”, – таъкид кард вай.
Ба гуфтаи Шамшод Ҳамидов, дар доираи эълони панҷсолаи рушди саноат, бунёди 20 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ дар назар аст. То ҳол18 корхона ба фаъолият оғоз карда, дар боқимонда корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ