Осиёи Марказӣ то соли 2030 ба $251 млрд сармоягузорӣ ниёз дорад
То соли 2030 барои рушди инфрасохтори калидӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадди ақал 251 миллиард доллар сармоягузорӣ лозим аст. Дар ин бора Руслан Даленов, муовини раиси Раёсати Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) дар ҷаласаи солона изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳама ин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, таъмини об ва логистика лозим аст.
Бахши энергетика ба миқдори бештари маблағ – 170 миллиард доллар ниёз дорад. Боз 60 миллиард доллар бояд барои рушди инфрасохтори нақлиёт, 14 миллиард доллар барои обёрӣ ва идоракунии об ва 7 миллиард доллар барои логистика ҷудо карда шавад.
“Инҳо на танҳо ниёзҳои молиявӣ, балки имкониятҳои сармоягузорӣ мебошанд”,- таъкид дошт Руслан Даленов.
Номбурда гуфт, Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бар мегирад, имрӯз яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон боқӣ мемонад. Ин панҷ кишвар дар маҷмуъ 83 миллион нафар аҳолӣ доранд ва иқтисодашон 566 миллиард доллар аст.
Тибқи иттилои БАОР, сармоягузорӣ ба бахши истеҳсолии минтақа дар даҳ соли охир ду баробар афзуда, ба 113 миллиард доллар расидааст.
Дар оянда бонк ният дорад, ки ба самтҳои нави рушди иқтисодии минтақа, аз қабили системаҳои нигоҳдории энергия, технологияҳои зеҳни сунъӣ, робототехника, лоиҳаҳои кайҳонӣ ва ташаббусҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим фаъолона сармоягузорӣ кунад.
“Осиёи Марказӣ на танҳо минтақаи захираҳои табиӣ аст. Ин минтақаи навоварӣ, саноатикунонӣ ва сармоягузории дарозмуддат аст”,- хулоса кардааст Руслан Даленов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ