Камтар гап мезанем, бештар менависем. Чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад?
Тавре омор нишон медиҳад, муошират тадриҷан ба онлайн мегузарад: корбарони алоқаи мобилӣ камтар занг мезананд, аммо аз паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва алоқаи видеоӣ фаъолтар истифода мебаранд. Ин талаботро ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ тағйир медиҳад. Ҳаҷми зиёди трафики интернет ба ҷойи аввал мебарояд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ба одатҳои мо таъсир мерасонанд – мо дар асл нисбат ба пеш камтар сухан мегӯем. Инро олимони Донишгоҳҳои Миссури ва Аризона муайян карданд. Онҳо рафтори одамонеро, ки суҳбатҳои худро дар солҳои 2005 – 2019 сабт мекарданд, таҳлил намуданд. Маълум шуд, ки шумораи миёнаи калимаҳои дар як рӯз талаффузшаванда қариб 28% – аз 16,6 ҳазор то 11,9 ҳазор коҳиш ёфтааст.
Ин тамоюлро таҳлилгарони рус аз Yota низ тасдиқ мекунанд. Дар соли 2025 онҳо чунин маълумотро интишор карданд: дар давоми сол трафики миёнаи овозӣ барои як муштарӣ 12% кам шуда, таҳвили маълумоти мобилӣ 15% афзоиш ёфтааст. Муошират бештар бо муҳити рақамӣ омезиш меёбад. Маҳз ҳаҷми интернет ва фардикунонӣ ҳангоми интихоби алоқаи мобилӣ омилҳои ҳалкунанда мегарданд.
Чунин равиш дар силсилаи тарофавии “Биё! Бисоз 2.0” аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳод шудааст. Ба истифодабаранда ҳамон ҳаҷми трафик, ки шахсан ба ӯ муносиб ва кифоя аст, пешниҳод мегардад.
Яке аз вариантҳои серталаб дар байни муштариёни ширкат баста бо нархи 148,50 сомонӣ мебошад. Ба он 70 Гб интернет, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 70 дақиқа ба дигар шабакаҳо дар Тоҷикистон, интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59, инчунин дастрасии ройгон ба “Oila TV” ва онлайн-кинотеатри “Иви” дохил мешаванд.
Афзалияти иловагии ин силсила – имконияти ҳар моҳ дучанд кардани ҳаҷми трафики интернет дар давоми сол ҳангоми интихоби тарофа бо арзиши аз 100 сомонӣ ва зиёдтар мебошад. Масалан, 70 Гб ба баста дохилшуда ҳар моҳ бе ягон пардохти иловагӣ ба 140 Гб табдил меёбад. Воқеан, истифодабаранда бидуни болоравии нарх ду баробар бештар интернет ба даст меорад, ки ин дар шароити рушди муоширати рақамӣ хеле муҳим аст.
Барои онҳое, ки интернети мобилиро фаъолона истифода мебаранд, МегаФон Тоҷикистон имкониятҳои дастрасро бо ҳаҷми бештари трафик пешниҳод менамояд. Ҳамин тариқ, дар вилоятҳои Суғду Хатлон тарофаҳои дохилӣ амал мекунанд, ки дорои 100 ё 150 Гб мебошанд.
Дар ин силсила тарофаҳои “Суғд 100”, “Суғд 150” ва “Хатлон 150” пешниҳод шудаанд, ки параметрҳои асосӣ аллакай дар номашон инъикос ёфтаанд. Масалан, тарофа бо 150 Гб 150 сомонӣ дар як моҳ арзиш дошта, яке аз пешниҳодҳои муфидтарин ба ҳисоб меравад. Ба ҳамаи тарофаҳои дохилӣ зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, интернети бемаҳдуди шабона (аз соати 00:00 то 06:59), дастрасӣ ба “Oila TV” ва онлайн-кинотеатри “Иви” дохил мешаванд. Чор моҳи аввал бошад дар тарофаҳо барои сокинони Суғду Хатлон 50% тахфиф амал мекунад.
Тарофаи муносибро дар замимаи “МегаФон Life”, дар идораҳои хизматрасонӣ ва толорҳои фирмавии “МегаФон Тоҷикистон” интихоб кардан мумкин аст. Бастаи хизматрасониҳоро бо ҳамон ҳаҷми трафики интернет, ки ба шумо лозим аст, пайваст кунед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ