Иҷрои қисми барзиёди даромад дар Хатлон

Дар шаш моҳи соли равон, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар вилояти Хатлон аз рӯи контингенти умумӣ бештар аз 100 дарсад иҷро шудааст.

Аз ҳисоби даромадҳои худӣ бошад, нақша наздики 102 дарсад иҷро гардидааст, ки ба буҷет 1 миллиарду 696 миллион сомонӣ ворид шудааст.

Аъзамҷон Чиллазода, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки нишондиҳанда нисбат ба нақша 24 миллион сомонӣ зиёд аст ва нисбат ба шаш моҳи соли 2025 – ум бошад, 367 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.

– Ин албатта, аз фаъолияти самараноки масъулин ва ва дигар сохторҳои дахлдор шаҳодат медиҳад, – таъкид кард вай.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон зиёда аз 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона гардид, ки 92 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил мекунад. Ҳамчунин таъмини пардохти саривақтии музди меҳнат, рухсатпулии омӯзгорон, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва истифодаи мақсадноки маблағи буҷетӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти молия ҳисобида мешавад.

Аъзамҷон Чиллазода афзуд, ки дар натиҷаи рушди босуботи иқтисодӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиарду 200 миллион сомонӣ расид, ки аз ин, беш аз 17 миллиард сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 13 милиарду 300 миллион сомонӣ гардиши савдои чакана ва зиёда аз 1 миллиарду 600 миллион сомониро хизматрасониҳои пулакӣ ташкил мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *