Иродае, ки маҳдудиятро шикаст
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки маъюбият метавонад орзуҳои инсонро маҳдуд созад. Аммо қаҳрамони мо ҳар рӯз ин андешаро бо зиндагии худ рад мекунад. Ӯ бо вуҷуди маҳдудияти ҷисмонӣ имрӯз ба яке аз ҷавонони фаъоли соҳаи зеҳни сунъӣ табдил ёфтааст. Наворҳои ӯро ҳазорон нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунанд ва аз таҷрибаи ӯ илҳом мегиранд.
Шарифзода Баҳром, ки дар шабакаи Instagram бо номи «Баҳро AI» шинохта мешавад, соли 1999 дар деҳаи Якачинори ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. То синфи чорум дар мактаб таҳсил кард. Баъдан бо сабаби вазъи саломатӣ омӯзгорон ба хона омада, ба ӯ дарс медоданд. Аммо дур мондан аз мактаб ҳаргиз маънои дур мондан аз донишро надошт.
Ба гуфтаи Баҳром, агар имрӯз ба муваффақият расидааст, пеш аз ҳама аз дастгирии падару модараш мебошад. Онҳо ҳамеша ӯро рӯҳбаланд мекарданд ва нагузоштанд худро аз дигарон камтар эҳсос кунад.
Ӯ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ тасмим гирифт мустақил бошад. Аввал ба таъмири телефонҳои мобилӣ машғул шуд, баъд таъмири компютерҳоро омӯхт. Аввалин даромади мустақилона ба ӯ бовар бахшид, ки ҳунар метавонад зиндагиро дигар кунад.
Имрӯз Баҳром дар баробари фаъолияти эҷодӣ масъули ширкати «Имкон Авиа» низ мебошад. Ин ширкат ба муҳоҷирони тоҷик дар самти фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ва пешниҳоди машварат хизмат мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосӣ осон намудани кори муҳоҷирон ва дастгирии ҳамватанон аст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ муаррифии таърихи миллат бо истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, бисёре аз ҷавонон таърихи худро хуб намешиносанд ва мехоҳад онро бо забони содаву муосир пешкаши мардум созад.
Наворҳои ӯ дар бораи муҳоҷирони тоҷик низ миёни корбарон маҳбубияти зиёд доранд. Ин қиссаҳо бар асоси воқеият омода шуда, зиндагии ҳазорон муҳоҷирро бозгӯ мекунанд.
Паси ҳар навори чанддақиқаии ӯ рӯзҳои зиёд омӯзиш, ҷустуҷӯ ва меҳнат қарор дорад. Аммо қадрдонии мардум тамоми хастагиро аз байн мебарад.

Орзуи Баҳром сохтани моделҳои зеҳни сунъии тоҷикӣ ва саҳм гузоштан дар рушди технологияҳои ватанӣ аст. Ӯ мехоҳад исбот кунад, ки маъюбият монеаи пешрафт нест, балки озмоиши зиндагист. Зеро, ба гуфтаи худи ӯ, инсонро пеш аз ҳама ирода, дониш ва меҳнат ба қуллаи муваффақият мерасонад.
Қиссаи зиндагии Баҳром намунаи равшани он аст, ки маҳдудияти ҷисмонӣ ҳеҷ гоҳ садди роҳи дониш, меҳнат ва муваффақият шуда наметавонад.
Мо ба Баҳром Шарифзода дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои бузургаш ва рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон комёбиҳои боз ҳам бештар орзу мекунем. Бигзор роҳи зиндагии ӯ барои ҷавонон паёми умед, ирода ва бовар ба қувваи худ бошад.
Шаҳром Каримзода,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ