Филми “Моҳӣ дар шаст” аз Русия бо се ҷоиза баргашт

Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” дар XXI Ҷашнвораи байналмилалии “Дар ҳалқаи оила” (“В кругу семьи”), ки дар шаҳри Ярославли Федератсияи Русия баргузор гардид, ба ду ҷоиза ва як дипломи хос мушарраф шуд. Дар ин бораи коргардони филм Муҳиддини Музаффар хабар дод.
 
Дар ҷамъбасти ин ҷашнвора ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” барои иҷрои нақши Далер ба ҳунарпешаи хурдсол Абдулло Абдураҳимзода дода шуд. Ҳамчунин филм барои “Беҳтарин саунд дизайн” қадрдонӣ гардида, дипломи хосро барои беҳтарин саундтрек ба даст овард.

Филми “Моҳӣ дар шаст” дар бахши асосии озмунии филмҳои пурраметраж иштирок намуда, бо 11 филм аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Пуэрто-Рико, Филиппин, Фаронса, Олмон, Русия, Ҳиндустон, Беларус, Эрон ва Қазоқистон рақобат кард. Дар маҷмуъ, дар ҷашнвора 140 филм аз 47 кишвар намоиш дода шуда, барои иштирок 2759 филм аз 123 давлати ҷаҳон дархост фиристода буданд.

Коргардони филм Муҳиддини Музаффар ҳангоми дарёфти ҷоизаҳо аз қадршиносии ҳакамон изҳори сипос намуда, ин дастовардро натиҷаи заҳмати як гурӯҳи бузурги эҷодӣ донист. Ӯ таъкид кардааст, ки дар офаридани як филм садҳо нафар саҳм мегузоранд ва дар паси “Моҳӣ дар шаст” низ заҳмати ҳунармандон, наворбардорон, оҳангсозон, садобардорон, масъулони пасотавлид ва мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон меистад.

Дар нақшҳои асосии филм Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Исфандиёр Ғуломов, Абдулло Абдураҳимзода, Асалбек Назриев, Асланшо Раҳматуллоев, Моҳпайкар Ёрова, Шаҳло Раҳимӣ ва Мастура Ортиқова ҳунарнамоӣ кардаанд. Наворбардор-таҳиягари филм Андрей Федотов, рассом-таҳиягар Лутфулло Негматов, оҳангсоз Фардини Халъатбарӣ, тадвингар Эмоди Худобахш ва садогузор Ораш Қосимӣ мебошанд.

Филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон “Моҳӣ дар шаст” аз ҷониби киностудияи “Довфилм” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ширкати телевизионии “iFilm” ва ширкати “SIKAAP”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳия гардидааст. Нахустнамоиши ҷаҳонии он 3 октябри соли 2025 дар ҷашнвораи байналмилалии Шеленгели Олмон баргузор шуда буд.

Ба иттилои “Довфилм”, ҷашнвораи Ярославл барои “Моҳӣ дар шаст” дувоздаҳумин кинофестивали байналмилалӣ мебошад. То имрӯз филм дар маҷмуъ 9 ҷоиза ба даст овардааст.

Ба гуфтаи созандагон, иштирок дар ҷашнвораҳои Русия барои муаррифии чеҳраи воқеии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Зеро филм метавонад на танҳо як асари ҳунарӣ, балки воситаи наздик кардани мардум, шинос кардани фарҳанг ва тағйир додани тасаввуроти бинандагон бошад.

Муҳиддини Музаффар гуфтааст, пас аз намоиши филм дар Ярославл бисёре аз тамошобинони рус бо эҳсос аз зебоии Тоҷикистон, самимияти мардум ва ҳунари актёрон сухан гуфтаанд. Ба андешаи ӯ, арзишмандтарин ҷоиза ҳамин аст: вақте филм метавонад дилҳоро ба ҳам наздик созад ва Тоҷикистонро бо чеҳраи ҳақиқии мардумаш муаррифӣ кунад.

Дар баробари намоиши филм, коргардон бо донишҷӯёни бахши актёрии донишгоҳи Ярославл вохӯрда, дар бораи мактаби актёрии тоҷик, таҷрибаи филмсозӣ дар Тоҷикистон ва нақши меҳмоннавозии мардум ҳангоми наворбардорӣ суҳбат кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *