ИМА ба Эрон ҳамлаҳои нав анҷом дод
Шаби 9-уми июл Иёлоти Муттаҳида ба чанд минтақаи Эрон ҳамлаҳои нави ҳавоӣ анҷом дод. Дар ин бора Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) хабар додааст.
Расонаҳои давлатии Эрон низ аз таркишҳо дар чанд шаҳри кишвар гузориш медиҳанд.
Ба иттилои ҷониби Амрико, ҳадафи асосии ин ҳамлаҳо аз байн бурдани имкони бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз аз ҷониби Эрон будааст.
Расонаҳои эронӣ менависанд, ки таркишҳо дар шаҳрҳои Бандар-Аббос, Чобаҳор, Канорак, Сирик, Эроншаҳр ва Бушеҳр ба амал омадаанд. Гуфта мешавад, дар Эроншаҳр як оташнишон ҷон бохтааст.
Дар пайи шиддат гирифтани вазъ, дар Баҳрайн ва Кувайт низ бонги хатари ҳамлаи ҳавоӣ садо дода, мақомот аз раҳгирии мушакҳо ва паҳподҳо хабар додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ