Президент дар Суғд. Аз ифтитоҳи корхонаҳои нав то содироти маҳсулот ба хориҷ

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 7-уми июл бо ҳадафи шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ оғоз гардид. Ин сафар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат мегирад.

Аз саноати кӯҳӣ то муассисаҳои иҷтимоӣ дар ноҳияи Айнӣ

Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Нахуст Президенти мамлакат корхонаи металлургии сурмаро дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» мавриди истифода қарор дод. Ин корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.

ҶСП «TALCO Gold» барои азхудкунӣ ва коркарди кони тиллову сурмаи Канчоч таъсис ёфтааст. Захираҳои ин кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тило ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро дар бар мегирад. Дар корхона 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Барои соли 2026 истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҷо бо иштироки Сарвари давлат барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ санги асос гузошта шуд. Корхонаи нав бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тило то моҳи августи соли 2027 ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, Сарвари давлат супориш дод, ки роҳи 32-километра аз шоҳроҳ то корхонаи сурмаи «Талко Голд» ва мавзеи сайёҳии Искандаркӯл то моҳи сентябри соли 2027 пурра мумфарш карда шавад.

Инчунин, дар ноҳияи Айнӣ 10 иншоот ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Иншоот асосан ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти миллӣ марбут буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудаанд.

Аввал бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Фатмеви деҳоти Рарз барои 320 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд. Баъдан Муассисаи томактабии рақами 12 дар деҳаи Такфони деҳоти Анзоб ифтитоҳ гардид, ки барои 120 кӯдак пешбинӣ шуда, 8 мутахассисро бо кор таъмин мекунад. Ин муассиса дорои 7 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Иншооти навбатӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии «Фурӯғи фардо» барои 120 кӯдак буд.

Ин муассиса бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ тариқи ҳашар бунёд шудааст. Ҳамзамон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулшан» барои 80 кӯдак ба истифода дода шуд. Ин муассиса аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Меҳрон Давронзода сохта шудааст.

Дар идомаи ифтитоҳҳои фосилавӣ Беморхонаи минтақавӣ бо 18 ҳуҷраи корию муолиҷавӣ ва 20 кати табобатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бо ифтитоҳи он 20 мутахассиси ҷавон соҳиби ҷойи кор шуданд. Ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 ба номи Қаландар Солеҳов дар шаҳраки Зарафшон, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4 дар ҳамин шаҳрак, толори варзишӣ, майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Обёрӣ, картошкапарварӣ ва рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Баъди ноҳияи Айнӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф овард. Дар ин ҷо нахуст хати оби полезӣ барои обёрии заминҳои картошка ифтитоҳ гардид. Ин хат аз масофаи 500 метр бо лӯлаҳои полиэтиленӣ оварда шуда, барои обёрии беш аз 200 гектар замини картошка истифода мешавад.

Ҳамчунин, Сарвари давлат бо лоиҳаи азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка дар ҳудуди деҳаҳои Ваҳдат, мавзеи Овчӣ, Себзор ва Ободӣ шинос шуд. Заминҳои нав тавассути 25 чоҳи амудӣ обёрӣ карда мешаванд. Кишоварзони ноҳия мақсад доранд, ки истеҳсоли картошкаро то 100 ҳазор тонна расонанд.

Ҳамзамон Пешвои миллат бо лоиҳаи обёрии 1007 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуд. Ин лоиҳа дар се деҳа – Оббурдон, Ҳадишаҳр ва Падаск амалӣ гардида, тибқи дурнамо 822 гектар майдони кишти картошка пурра обёрӣ мешавад. Манбаи асосии обёрӣ дарёи Зарафшон мебошад.

Дар ноҳияи Шаҳристон 7 иншооти иқтисодию иҷтимоӣ ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Аввал фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Оби Баҳор» дар мавзеи Хуррамдара оғоз ёфт. Дар ин иншоот 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Иншооти дигар Ҳавзи моҳипарварии ҶДММ «Технологияи сохтмон» дар деҳаи Чилҳуҷра мебошад. Ҳавз барои парвариши 5 ҳазор гулмоҳӣ пешбинӣ шуда, беш аз 10 нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунад. Ҳамчунин Парваришгоҳи дарахтони нодир дар мавзеи Хуррамдара оғоз ба фаъолият кард. Он дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар он зиёда аз 7500 дарахти нодиру ороишӣ ва сояафкан парвариш меёбад.

Дар соҳаи маориф Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Чилҳуҷра барои 240 ҷойи нишаст ва Муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаҳои Истиқлол» дар деҳаи Шаҳристон барои 240 кӯдак ифтитоҳ шуданд. Дар ҳар ду муассиса беш аз 80 нафар, аз ҷумла омӯзгорону парасторон ба кор оғоз карданд. Ҳамчунин марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Ваҳдат ва Саробӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар онҳо беш аз 20 корманди тиб хизмат мерасонанд.

Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии «Шаҳристон – эко резорт» шинос шуданд. Ин маҷмааи сайёҳӣ дар мавзеи Хуррамдара дар масоҳати 15 гектар, дар чор марҳила ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад. Дар доираи лоиҳа сохтмони таноброҳ ба масофаи зиёда аз 5 километр ва меҳмонхона барои қабули 1000 сайёҳ дар як вақт пешбинӣ шудааст. Пас аз анҷом 100 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Тандурустӣ, маориф, саноат ва обёрӣ дар ноҳияи Деваштич

Идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич сурат гирифт. Дар деҳаи Далёни Боло Сарвари давлат бинои нави Беморхонаи марказии №6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин муассисаи тиббӣ дорои 4 шуъба ва 40 кати хоб буда, бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ташхиси ултрасадо, таҷҳизоти безараргардонӣ ва маҷмуи асбобҳои ҷарроҳӣ таъмин шудааст. Бо ифтитоҳи беморхона 30 табиби соҳибтахассус бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ин муассиса ба 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод хизмат мерасонад.

Дар ин ноҳия 12 иншооти гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардиданд. Дар корхонаи «Ҳаҷмис» хати нави технологӣ ба истифода дода шуд, ки иқтидори солонаи истеҳсоли хиштро аз 5 миллион ба 10 миллион дона расонид.

Иншооти дигари саноатӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ дар деҳаи Далёни Боло мебошад. Дар коргоҳ асосан либосҳои мактабӣ, либосҳои занона, мардона ва варзишӣ истеҳсол карда мешаванд.
Дар соҳаи маориф чанд муассисаи нав мавриди истифода қарор гирифтанд. Ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Далёни Боло барои то 300 кӯдак, муассисаи томактабӣ дар деҳаи Чӯянчии деҳоти Ваҳдат барои 80 кӯдак, муассисаи томактабӣ дар деҳаи Дархони деҳоти Исмоили Сомонӣ барои 40 кӯдак ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 дар деҳаи Далёни Поён барои 640 хонанда дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 дар деҳаи Сурхоби деҳоти Исмоили Сомонӣ барои 480 хонанда дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 69 дар деҳаи Панҷбоғ барои 350 хонанда дар ду баст ифтитоҳ гардиданд.

Дар соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии рақами 7-и деҳаи Ҳазорчашма баъди тармим ба истифода дода шуд. Дар соҳаи фарҳанг бошад, бинои нави хонаи фарҳанг дар деҳаи Хӯҷаҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва деҳаи Муҷун ифтитоҳ гардид.

Инчунин, дар Деваштич хати нави оби полезӣ бо дарозии 12 километр дар деҳаи Далёни Боло ба истифода дода шуд. Ин лоиҳа бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардидааст. Бо ба истифода додани ин хат майдони кишти картошка ба 800 гектар расонида шуда, замина барои истеҳсоли беш аз 200 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда фароҳам мегардад. Ин хати обёрӣ беш аз 2000 сокини маҳаллиро бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин хоҳад кард. Сарвари давлат супориш дод, ки майдони кишти картошка дар ноҳия то 10 ҳазор гектар расонида шавад.

Коркарди гандум, роҳсозӣ ва тиби хусусӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

8-уми июл Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард. Дар ин ҷо нахуст коргоҳи нави истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода Инвест» ба фаъолият оғоз кард. Иншоот бо сармояи дохилӣ бунёд гардида, иқтидори коркарди то 200 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад.

Дар назди корхона инчунин сехи нави механикӣ барои таъмир, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ бунёд шудааст. Роҳбари корхона азм гирифтааст, ки аз ҳисоби даромадҳои ширкат як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 2500 хонанда дар ду баст бунёд кунад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 4 иншооти дигар ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуданд. Аввал фаъолияти корхонаи ҶДММ «Суғдроҳсоз» дар деҳоти Ғозиён оғоз гардид. Дар корхона истеҳсоли асфалт, бетон, регу шағал ба роҳ монда шудааст.

Баъдан корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Шарифов Н» дар деҳоти ба номи Додобой Холматов ба истифода дода шуд. Иқтидори он дар як моҳ то 700 ҳазор дона хишт аст.

Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабии №11 дар деҳоти Унҷӣ барои 300 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар деҳоти Унҷӣ Президенти мамлакат бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии «Соҳили Унҷӣ»-ро ифтитоҳ бахшид. Ин марказ аз ҷониби соҳибкор Абдулло Абдуллоев бунёд гардидааст. Дар он шуъбаҳои қабул, ҳуҷраҳои хоб, физиотерапия, асаб, бемориҳои занона ва дилу рагҳои хунгард фаъолият мекунанд.

Аз ифтитоҳи биноҳои маъмурӣ то корхонаи мошинбарорӣ дар Шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дод. Ҳамчунин дар ин бино Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгир шудаанд.

Пас аз ифтитоҳи бинои суд Президенти мамлакат ба таври фосилавӣ 4 иншооти дигарро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода дод. Аз ҷумла, сардхонаи муосири ҶДММ «Лидер» бо иқтидори нигоҳдории 3000 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ба фаъолият оғоз кард.

Ин иншоот барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозор дар тамоми фаслҳои сол пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо дар шаҳри Хуҷанд, бинои нави шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва бинои нави Прокуратураи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода дода шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуд. Ин корхона аз ҷониби бародарон Умаровҳо сохта шуда, асосан ба истеҳсоли мошинҳои хурди барқии боркашонӣ, дучарха ва 18 намуд бозичаи кӯдакона равона шудааст. Дар марҳилаи нав бо ҷалби зиёда аз 100 коргари маҳаллӣ ҳар моҳ 250 мошини хурди барқӣ, 15 ҳазор дучарха ва 30 ҳазор бозича истеҳсол мешавад. 70 фоизи маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар содирот мегардад.

Муассиси корхона соҳибкор Мирзо Умаров баъди тавсияи Пешвои миллат дар моҳи ноябри соли 2024 бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукии Минтақаи озоди иқтисодии Суғд технологияи муосирро аз хориҷ ворид намуда, истеҳсоли мошинҳои хурди барқиро бо бренди «Сайр моторс» ба роҳ мондааст. Ин мошинҳо бо як бор пур кардани барқ то 100 километр ҳаракат мекунанд ва беш аз 1 тонна бор мебардоранд.

Ёдовар мешавем, ки Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд идома дорад. Онро дар сомонаи Pressa.tj пайгирӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *