Афзоиши ҷарроҳии дилу рагҳо дар Тоҷикистон

Дар 6 моҳи аввали соли 2026 дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба 139 бемор амалиёти пайвандсозии узв гузаронида шуд. Аз ин омор ба 86 бемор гурда ва ба 53 бемор ҷигар пайванд карда шуд.

Ба иттилои Саломуддин Юсуфӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон , дар миёни беморон 6 кӯдак низ ҳастанд. Ба 4 нафар гурда ва ба 2 кӯдак ҷигар пайванд шудааст.

 Илова бар ин, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1437 амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳо анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155 адад бештар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *