Амрико аз оғози силсилаи ҳамлаҳои пурқудрат алайҳи Эрон хабар дод
Артиши Иёлоти Муттаҳида аз оғози силсилаи ҳамлаҳои пурқудрат алайҳи Эрон хабар дод. Ба гуфтаи Вашингтон, ин амалиёт дар посух ба ҳамлаҳои эҳтимолии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба се киштии тиҷоратӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз анҷом дода мешавад.
Дар ин бора Фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА иттилоъ додааст.
Ба навиштаи ТАСС, дар изҳороти нашршудаи Фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар шабакаи иҷтимоии X омадааст:
«Неруҳои Фармондеҳии марказӣ ба анҷом додани силсилаи ҳамлаҳои пурқудрат алайҳи Эрон оғоз карданд. Ин ҳамлаҳо дар посух ба ҳамлаҳои Эрон ба се киштии тиҷоратие сурат мегиранд, ки аз гулӯгоҳи Ҳурмуз убур мекарданд».
То ҳол мақомоти Эрон ба ин изҳороти ҷониби Амрико расман вокуниш нишон надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ