Ширкатҳои мобилӣ дар ним сол беш аз 605 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ширкатҳои мобилии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ба маблағи беш аз 605 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Маблағи ҷарима пурра ба буҷети давлатӣ ворид гардидааст.
Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари пурзӯр гардидани назорат аз болои фаъолияти ширкатҳои мобилӣ, дар кишвар суръати интернет низ беҳтар шудааст.
Масъулони Хадамоти алоқа гуфтанд, ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввали соли 2025 то 35,4 Мбит/с дар соли 2026 афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, суръати интернети ноқилӣ ба 48,71 Мбит/с расонида шуда, тибқи нақша дар ду соли оянда он бояд ба 100 Мбит/с расад.
Қаблан Хадамоти алоқа хабар дода буд, ки дар соли 2025 суръати интернети ноқилӣ аз 30 Мбит/с то 40,42 Мбит/с баланд бардошта шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар баробари беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, арзиши интернет низ коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи масъулон, тарофаҳои интернети ноқилӣ ба ҳисоби миёна то 55 дарсад арзон гардида, ҳамаи бастаҳои дорои суръати камтар аз 30 Мбит/с бекор карда шудаанд.
Бо вуҷуди ин, сокинони кишвар ҳанӯз ҳам аз паст будани суръати интернет дар баъзе минтақаҳо, ноустувории пайвастшавӣ ва гаронии нархи хизматрасониҳои интернетӣ шикоят мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ