Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис меёбад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад.
Дар ин бора Шералӣ Хоҷазода, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.
Маҷмааи мазкур дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон таъсис дода мешавад.
Бибихонум яке аз занҳои фаъоли давраи асримиёнагии халқи тоҷик мебошад.
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар эҳё намудани «Маҷмаи бостонии Бибхонум» бо ҷалби дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии минтақа, ба муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифз, омӯзиш ва таҳқиқи онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ