Беш аз 22 ҳазор дона тухми паранда нобуд карда шуд
Дар 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон қариб 22 ҳазору 933 дона тухми паранда бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторию беҳдоштӣ аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Инчунин, дар 6 моҳ 1 ҳолати барангезандаи бемории пастереллёзи чорвои майда, 2 ҳолати барангезандаи бемории Қарасон ва дар 14 ҳолати дигар барангезандаи бемории ҳорӣ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ