МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз кард

Филмҳо, силсилафилмҳо, филмҳои тасвирӣ – миқдори зиёди видеои фароғатӣ ба дилхоҳ синну сол ва табъу завқ акнун ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрас мебошад. Нархи истифодаи хизматрасонии Wink – 1,50 сомонӣ дар як шабонарӯз.

Wink – барои дӯстдорони видео бозёфти воқеист: мундариҷаи доимо навшавандаи он танҳо контенти босифати литсензиониро дар бар мегирад, ки онро дар смартфонҳо, планшетҳо, компютерҳо ё Smart TV метавон тамошо кард.  Дар он интихоби филму силсилафилмҳо аз рӯи жанр, сол ё кишвари истеҳсолкунанда, тамошои классика ва филмҳои нав имконпазир аст.

“Мо аз муаррифии лоиҳаҳои аслӣ ва таркиби Wink ба тамошобинони тоҷик хушҳолем, медонем, ки баъзе сислилафилмҳои мо аллакай хеле маъруф шудаанд. Роҳандозии хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” қадами навбатӣ дар рушди ҳузури байналмилалии Wink маҳсуб меёбад. Мо дар саноати Осиёи Марказӣ иқтидори бузург мебинем: бозорҳои алоҳидаи миллӣ дар ҳоли имрӯз бо суръатҳои ниҳоят тез инкишоф меёбанд, истифодаи хизматрасонӣ аз рӯйи модели пулакӣ пайваста меафзояд. Wink минбаъд низ ният дорад, ҳамкориро бо операторони бузургтарини телекоммуникатсионӣ васеъ намояд”, – мегӯяд Антон Володкин, директори генералии Wink.

Барои муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” роҳи осонтарин ва зудтарини пайвасткунии хизматрасонии Wink – USSD-дархости *4004# ба шумор меравад. Ҳангоми зарурат хизматрасониро инчунин метавон осон қатъ кард – барои ин дархости *4004*0# пешбинӣ шудааст.

Маблағ барои истифодаи хизматрасонӣ ҳаррӯза дар ҳаҷми 1,50 сомонӣ бо реҷаи автоматӣ гирифта мешавад. Агар маблағи тавозуни муштарӣ аз ин ҳаҷм камтар бошад, маблағ қисман дар ҳаҷми 0,75 сомонӣ гирифта мешавад – дар ин ҳолат ба истифодабаранда дастрасӣ ба хизматрасонӣ дар давоми 12 соат пешниҳод мешавад.

Бартарияти муҳим: ҳангоми тамошои видеоконтент трафики интернети мобилии истифодабаранда бо обунаи фаъоли Wink нархгузорӣ намешавад. Интернет аз ҳисоби тарофаи асосӣ ё бастаи пайвастшуда низ сарф намешавад. Муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” танҳо барои дастрасӣ ба Wink маблағ пардохт мекунад ва метавонад хизматрасониро ҳар қадар ки хоҳад, истифода барад.

“Стретегияи мо хеле осон аст: агар видеохизматгузории қулай, боэътимод ва босифат мавҷуд бошад, он бояд дастраси муштариён гардад. Ҳамкорӣ бо Wink имкон медиҳад, ки доираи имкониятҳои дӯстдорони филму силсилафилмҳо васеъ гардида, ба онҳо контенти нодир пешниҳод карда шавад. Шартҳои пайвасткунӣ дар шабакаи мо бошанд, афзалияти иловагии он хоҳанд буд”, – мегӯяд Анатолий Изюмников, директори генералии “МегаФон Тоҷикистон”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *