Аз хисороти сел то корҳои созандагӣ дар деҳаи Рашнаи Панҷакент (аксҳо)
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Шинг аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Рашна боздид кард.
Рӯзи 11 июли соли 2026 бар асари омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби Шингдарё ба манзилҳои истиқоматӣ, роҳҳо, иншооти барқӣ ва дигар молу мулки сокинони деҳа хисороти ҷиддӣ расида буд.
Масъалаҳои вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 20 июли соли равон дар ҷаласаи Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷаласа дар маҳалли ҳодиса бо иштироки раиси шаҳр, сардори ситод Абдухолиқ Холиқзода, аъзои ситод ва сокинони деҳа баргузор шуд.
Умед Миров, муовини сардори ситоди шаҳрӣ ва сардори шуъбаи шаҳри Панҷакенти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд гузориш дод, ки дар натиҷаи офати табиӣ панҷ манзили истиқоматӣ пурра ва чор манзили дигар қисман корношоям шудаанд.
Ҳамчунин, ба 64 манзили истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон лой, қум ва шағал ворид шудааст.
Бар асари сел ду пул, панҷ симчӯб, 500 метр ноқили барқ, 1300 метр роҳ ва як нақлиёти шахсӣ низ корношоям гардидаанд.
Дар муҳлати кӯтоҳ роҳи мошингард ба самти мавзеи сайёҳию истироҳатии Ҳафткӯл ва хати осебдидаи интиқоли неруи барқ барқарор карда шуданд. Барои аз лойу сангреза тоза намудани манзилҳои зарардида ҳашарҳои дастаҷамъӣ ташкил гардида, корҳои тозакунӣ ва барқарорсозӣ идома доранд.






Дар ҷаласаи ситод ба иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҳмонқул Каримов, соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадӣ Бурҳонов ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Ёрӣ, Хурмӣ, Чинор, Лоиқ Шералӣ ва Саразм изҳори сипос карда шуд. Онҳо ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳа ҷиҳози рӯзгор ва маводи ғизоӣ дастрас намудаанд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси шаҳри Панҷакент аз манзилҳои аз офати табиӣ зарардида ва рафти сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 боздид намуд.
Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд аз ҷониби ширкати сохтмонии «СУ-3» бунёд мешавад.
Абдухолиқ Холиқзода бо сокинони деҳа суҳбат намуда, таъкид кард, ки раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таҳти назорати ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ