Суди Олӣ фаъолиятро тариқи низоми «E-COURT» ба роҳ мемонад
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ ва рушди низоми электронии «E-COURT»-ро бо ҳадафи рақамикунонии фаъолияти мақомоти судӣ идома медиҳад.
Раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода имрӯз, 21 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки гурӯҳи махсуси корӣ барои рушди ҳукумати электронӣ, такмили низоми коргузорӣ ва тавсеаи экосистемаи рақамии мақомоти судӣ фаъолият дорад.
Ба гуфтаи масъулон, барномаи «E-COURT» имкон медиҳад, ки раванди таҳия, сабт, ирсол ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои судӣ тадриҷан ба шакли электронӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин, тавассути ин низом назорат, арзёбӣ ва таҳлили фаъолияти кормандони мақомоти судӣ беҳтар ва шаффофтар мегардад.
Гуфта шуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, дастрасӣ ба маълумоти судӣ ва сифати хизматрасониҳоро беҳтар намояд.
Роҳбарияти Суди Олӣ тасмим гирифтааст, ки минбаъд фаъолияти мақомоти судиро марҳила ба марҳила ба низоми рақамӣ мутобиқ намуда, истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва технологияҳои муосирро густариш диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ