Сабаби таркиш дар ноҳияи Рӯдакӣ маълум шуд

Таркиши балони гази моеъ дар як манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари истифодаи нодуруст ва бе назорат мондани он рух додааст. Дар ин бора Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ҳодиса шоми 19 июл дар манзили як сокини 61-солаи ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода, воқеъ дар ошёнаи панҷуми бино, рух додааст.

Бар асари таркиши балон дар манзил сӯхтор ба масоҳати 25 метри мураббаъ ба амал омада, кормандони хадамоти оташнишонӣ онро дар давоми 30 дақиқа хомӯш кардаанд.

Дар натиҷаи ҳодиса касе ба ҳалокат нарасидааст. Аз дохили бинои сӯхторгирифта ҳафт нафар, аз ҷумла чор ноболиғ, наҷот дода шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *