Судҳои Тоҷикистон дар ним сол беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ карданд
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 судҳои Тоҷикистон дар ҳамаи зинаҳои мурофиаи судӣ беш аз 80 ҳазор парванда ва маводро баррасӣ намуда, аз ҳисоби ҷаримаҳо, мусодираи молу мулк ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлат наздик ба 120 миллион сомонӣ ворид кардаанд.
Дар ин бора имрӯз, 21 июл раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 80 ҳазору 193 парванда ва маводро дар зинаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ кардаанд.
Аз ин шумора:
- 8438 парвандаи маданӣ;
- 20 ҳазору 785 парвандаи оилавӣ;
- 6495 парвандаи ҷиноятӣ;
- 31 ҳазору 496 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- 4519 дархости мақомоти тафтишоти пешакӣ;
- 3957 пешниҳоди сохтору мақомоти дахлдорро ташкил додаанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи парвандаҳои маданӣ 977 адад, парвандаҳои оилавӣ 102 адад ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 4431 адад афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, шумораи парвандаҳои ҷиноятӣ 134 адад коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин, дар натиҷаи иҷрои қарорҳои судӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо, мусодираи молу мулк, рӯёнидани зарар ба давлат ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 119 миллиону 975 ҳазору 403 сомонӣ ворид гардидааст.
Ба гуфтаи раиси Суди Олӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба шаш моҳи аввали соли гузашта 11 миллиону 92 ҳазору 27 сомонӣ зиёд буда, аз афзоиши ҳаҷми маблағҳои воридшуда ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби қарорҳои судӣ шаҳодат медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ