ХУСДЕҲ. Сафаре, ки роҳи ҷангро баст (идомаи мақола)
Порча аз китоби Шариф ҲАМДАМПУР «ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР»
Шамоли сахти аз зери чархбол бархоста чанг, баргҳои хушк ва шабнами тунуки рӯйи заминро ба ҳаво печонид. Ҳама хомӯш, ба дунёи хаёлот фурӯ рафта буданд. Сармо аз берун ба гармии нафаси одамон бархӯрда, шишаҳои чархболро хира мекард.
Гӯё табиат намехост онҳо манзараҳои Душанбешаҳрро, шояд бори охир бошад, тамошо кунанд. Яке бо рӯймолча, дигаре бо остин, савумӣ бо кафи даст шишаҳоро пок мекарданд. Ҳама мехостанд аз паси он пардаи бухор бо Тоҷикистон хайрбод гӯянд. Чархбол оҳиста-оҳиста ба ҳаво баланд мешуд. Фурудгоҳ ақиб монд, биноҳо дар назар хурдтар метофтанд, роҳҳо ба хатҳои борик табдил меёфтанд. Ҳар қадар чархбол боло мерафт, ба ҳамон андоза захмҳои ҷанг равшантар ба назар айён мегаштанд. Роҳҳои валангор мисли доғҳои ҷароҳат бар тани кишвар нақш баста буданд.
Дар канори онҳо техникаи њарбии сӯхтаву зангзада парешон мехобид. Онҳо гӯё ҳанӯз фармондеҳони худро интизорӣ мекашиданд. Дар баъзе деҳаҳо танҳо деворҳои нимсӯхта боқӣ монда буданд. Аз дудбароҳо дигар дуде боло намешуд. Оташ кайҳо хомӯш гашта буд, аммо ҳанўз бӯйи ҷанг ба димоғ мерасид. Кӯпруке намудор шуд, ки дигар мошине аз рӯяш намегузашт. Нисфи он фурӯ рехта, роҳи мошингардро ба пайроҳа табдил дода буд. Каме дуртар бинои Қасри фарҳанг ба назар мерасид. Танҳо чанд чӯби сӯхта ва деворҳои аз дуд сиёҳшуда аз зиндагии дирӯз шаҳодат медоданд. Аз ин баландӣ ҷанг дигар садо надошт. Аммо осори он баландтар аз ҳама фарёд мекашид.
Тоҷикистон аз осмон мисли сарбозе менамуд, ки ҷангро паси сар кардааст, вале захмҳои танаш ҳанӯз рӯй нагирифтаанд. Президент хомӯш ба поён менигарист. Аз баландӣ танҳо роҳҳои валангор, пулҳои фурӯрафта ва хонаҳои нимсӯхта ба назар намерасиданд. Дар пеши чашмонаш як насл қарор дошт, ки ҷанг сарнавишти онро талх, орзуҳои ҳазорон ҷавонро ба хок яксон, кӯдаконро ятим, модаронро чашминтизор сохта буд.
- ОИЛАҲО БЕСАРПАНОҲ, ДЕҲАҲО ВАЛАНГОР ГАШТА БУДАНД. ГӮЁ ИН САРЗАМИНИ ЗАХМДОР АЗ ЗЕРИ ЧАРХБОЛ САДО БАЛАНД МЕКАРД: – ТО БА КАЙ?
Нигоҳи Президент аз тирезаи чархбол ба майдончаи назди бинои Ҳукумати ноҳияи Бохтар афтод. Майдон холӣ буд. Аз он баландӣ касе ба назар намерасид. Аммо барои ӯ он майдон холӣ набуд. Хотираҳо ҷойи одамонро гирифта буданд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯ дар ҳамин ҷо бо сокинони ноҳия мулоқот дошт. Бори дигар ашки чашмон, чеҳраҳои хаста ва нигоҳҳои пур аз умеди онҳоро пеши назар овард. Он манзара аз нав зинда гашт. Гӯё чархбол аз болои Бохтар не, аз болои хотираҳои ӯ парвоз мекард. Миёни издиҳом пирамарде аз ҷой хест. Риши сафедаш то рӯйи сина мерасид. Заиф, нигоҳаш пурдард буд. Вай бо овози ларзон гуфт: – Фарзандонам ҳама ба Афғонистон гуреза шуданд… Аз онҳо дигар хабаре нест… Пирамард лаҳзае хомӯш монд. Пас дасти духтарчаеро, ки дар паҳлуяш меистод, гирифт. Духтарча тақрибан чорсола буд. Мӯйҳои парешонаш рӯйи пешонӣ рехта буданд. Бо чашмони калон-калони пур аз ҳайрат ба атроф менигарист. Ӯ тарс дошт, вале ҳанӯз дарк намекард, ки ҷанг аз ӯ киҳою чиҳоро рабудааст. Пирамард бо овози гиряолуд идома дод: – Ман навадсолаам… Медонам, ки умрам ба охир мерасад. Аз мурдан наметарсам. Мурдан ҳақ аст… Аммо аз як чиз метарсам… Овози ӯ дигар шунида намешуд. Ӯ сарашро хам кард. – Метарсам, ки рӯзе ҳамин духтарча танҳо ҷасади беҷони маро пайдо кунад…
Дар майдон сукут ҳукмфармо шуд. Президент оҳиста аз ҷояш бархост. Муҳофизон беихтиёр як қадам пеш гузоштанд. Ӯ бо як нигоҳ онҳоро боздошт. Ба назди духтарча рафт. Хам шуд. Бо меҳрубонӣ даст бар сари кӯдак гузошт. Духтарча сар боло кард. Нигоҳҳои онҳо ба ҳам бархӯрданд. Дар он нигоҳ на танҳо сарнавишти як кӯдак, балки дарди тамоми мардуми Тоҷикистон инъикос меёфт. Ҳамон лаҳза аз пеши назараш симои ҳазорон чунин кӯдакон гузашт. Кӯдаконе, ки падаронашонро аз даст дода буданд. Кӯдаконе, ки модаронашонро дигар намедиданд.
Кӯдаконе, ки дар роҳҳои муҳоҷират, дар хаймаҳои гурезагон, дар ғарибӣ рӯзро шаб ва шабро рӯз мекарданд. Гурезаҳо, қурбониён, волидони чашминтизор… мисли қатори турнаҳо як-як аз пеши назараш мегузаштанд. Ӯ бори дигар ба чашмони духтарча нигарист. Пас ба риши сафеди рӯйи қайчӣ нодидаи пирамард. Ва дар ҳамон ҷо, бе он ки касе бишнавад, дар дил бо худ аҳд баст: «Бармегардонам… Ҳамаро бармегардонам. То охирин гурезаи тоҷикро. Ин кӯдак падару модарашро мебинад. Ин пирамард танҳо намемонад. То даме ки як тоҷик дар ғурбат аст, кори ман анҷом наёфтааст…».
Чархбол ба як тараф тоб хӯрд. Президент аз гирдоби хотираҳо берун омад ва боз аз тиреза нигарист. Дар зери чархбол киштзорҳои Колхозободу Қумсангир доман густурда буданд. Аз баландӣ заминҳои бекорхобида, ҷӯйҳои беоб ва саҳроҳои аз кишт бенасибмонда мисли захмҳои тоза дар тани водӣ ҳувайдо буданд. Ин манзара дилашро фишурд. Замоне ки роҳбари хоҷагӣ дар Данғара буд, бо ин ду ноҳия робитаи зичи ҳамкорӣ дошт. Ҳар ваҷаби замини ин ноҳияҳо барояш шинос буд. Он рӯзҳо дар саҳро кор меҷӯшид: тракторҳо замин шудгор мекарданд, комбайнҳо ҳосил медаравиданд, деҳқонон аз субҳ то шом заҳмат мекашиданд. Акнун ҷанг ҳамаро ба харобазор табдил дода буд. Ӯ беихтиёр ба пеш хам шуд.
Чашмонаш ёдгории таърихии Аҷинатеппаро меҷустанд. Дар ин кашмакашҳо бисёр ёдгориҳои таърихӣ аз беназмӣ тирборон шуда ва аз беэътиноӣ осеб дида буданд. Нигарон буд, ки мабодо ин ёдгории бостонӣ аз дасти ҷанг осеб надида бошад. Дар он лаҳза ӯ на танҳо аз тақдири инсонҳо, балки аз сарнавишти миллат меандешид. Зеро ҷанг на танҳо одамон, балки хотираро ҳам мекушад. Тамаддунро ҳам. Ва миллате, ки хотираи худро аз даст медиҳад, роҳи фардои худро низ гум мекунад. Президент оҳиста ба курсї такя зад. Чархбол аллакай ба рӯдхонаи Панҷи поён расида буд. Ҳар қадар чархбол ба сарҳад наздиктар мешуд, ҳамон андоза нигоҳҳо бештар ба тирезаҳо мечаспиданд. Дигар касе ҳарф намезад. Ҳама банди андешаҳои худ буданд. Дар зер рӯди Панҷ ором ҷорӣ буд. Ҳамон гуна ором, ки ҳазорсолаҳо пеш ҷорӣ мешуд. Ин рӯд борҳо наъраи лашкарҳои мақдунӣ, араб ва муғулу туркро шунида, борҳо бо мавҷҳои пурталотуми худ аз хатарҳои нав мардумро огоҳ карда буд. Аммо инсон на ҳамеша гӯш ба садои рӯд медиҳад. Ба назар менамуд, ки Панҷ танҳо оби равон аст. Аммо ҳар мавҷи он порае аз хотираи ин сарзаминро дар оғӯши худ ҳифз менамуд. Хотирае, ки инсонҳо аксаран аз ёд мебурданд, аммо рӯд ҳаргиз фаромӯш намекард. Панҷ дар қаъри худ ганҷинаи хотираи миллатеро пос медошт, ки гарчанде борҳо шикаст хӯрд, пора гашт, вале ҳаргиз аз миён нарафт. Мавҷҳои он садои наслҳоро доштанд: нолаи модарон, хуни шаҳидон, ашки гурезагон ва орзуи бозгашти мардум ба як Ватани воҳид. Панҷ шоҳиди зиндаи таърихи миллати тоҷик аст.
Дар соҳилҳои он империяҳо хайма заданд. Наъраи лашкарҳои мақдунӣ, араб, турк ва муғул дар мавҷҳои он гум шуда буд. Он хуни ҷанговарон, ашки модарон ва фирори ҳазорҳо одамонро дида буд. Аммо захми амиқе, ки Панҷ дар тӯли таърих бар ҷисми худ эҳсос кард, аз шамшер не, аз хат буд. Ҳамон хати борике, ки рӯзе дастҳои сиёсатмадорон бар рӯйи харита кашиданд. Дар як лаҳза рӯде, ки ҳазорсолаҳо ду соҳилро ба ҳам мепайваст, ба хати сарҳад табдил ёфт. Як миллат дар ду соҳил монд. Як забон, як фарҳанг, як хотира, аммо ду давлат. Бо вуҷуди ин, Панҷ ҳеҷ гоҳ ин ҷудоиро напазируфт. Мавҷҳои он ҳамоно ҳар ду соҳилро яксон навозиш мекарданд. Боди домони он шиноснома намепурсид. Парандагон намедонистанд сарҳад чист. Онҳо ҳамоно аз як соҳил ба соҳили дигар парвоз мекарданд ва дар ҳар ду ҷониб лона мегузоштанд.
Танҳо инсонҳо миёни худ девор кашиданд. Ва акнун Панҷ шоҳиди фоҷиаи дигаре гардида буд. На ҷудоии сарҳад, балки пора гаштани дилҳо. Бародар бар зидди бародар силоҳ бардошта буд. Боварӣ ҷойи худро ба тарс дод. Нафрат дар ҷойе реша давонда буд, ки асрҳо меҳру муҳаббат ва хешутаборӣ зиндагӣ мекард. Яке дар ин соҳил монд, дигаре бо зану фарзанд ва пирон худ дар он соҳил паноҳ бурд. Панҷ боз онҳоро аз ҳам ҷудо медид. Ва боз хомӯш ҷорӣ мешуд. Шояд аз он буд, ки медонист: ҳар деворе, ки инсон месозад, рӯзе фурӯ хоҳад рехт. Зеро рӯдҳо барои фасл кардан не, барои васл кардан офарида шудаанд. Президент аз тиреза ба мавҷҳои рӯд менигарист. Барои ӯ Панҷ китоби кушодаи таърих буд. Китобе, ки ҳар мавҷаш саҳифае аз сарнавишти миллатро варақ мезад ва ҳар гардиши обаш гӯё оҳиста мегуфт: «Миллатеро, ки таърих аз ҳам ҷудо кард, танҳо худи фарзандони он метавонанд дубора ба ҳам пайванданд.
Давом дорад
Муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№28, 1692), 15.07.2026
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ