Таваррум дар Тоҷикистон ба 2,4 фоиз расид
Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил кард. Таварруми солона дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (5 фоиз ± 2 б.ф.) қарор дошта, 4,1 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода имрӯз, 20 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин аз доираи ҳадафи муқарраргардида паст қарор доштани сатҳи таваррум дар ин давра 0,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 7,0 фоизи солона муқаррар гардид.
Қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба андозаи 0,17 фоиз баланд шуд (аз 9,2513 сомонӣ дар санаи 31.12.2025 то ба 9,2674 сомонӣ дар 30.06.2026).
Бо назардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфт. Аз ҷумла, қурби тангаи Қазоқистон 3,33 фоиз, юани Чин 3,1 фоиз ва рубли Федератсияи Россия 0,60 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 8,62 фоиз, рубли Беларус 0,13 фоиз, сӯми Ӯзбекистон 0,30 фоиз ва соми Қирғизистон 0,04 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ