Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 июл бо сафари давлатӣ озими Муғулистон шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин сафар Сарвари давлатро ҳайати расмии кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба ҳайати Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо шомиланд.

Қарор аст дар ҷараёни сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баргузор шуда, масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун баррасӣ гарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *