Бунёди 300 иншоот дар Бохтар. Иҷроиши нақша наздик аст
Бо мақсади дар сатҳи баланду шоиста истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар сохтмони 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Феълан беш аз 270 бинову иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Юсуфзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки бо ифтитоҳи 270 иншоот нақша пурра дарсад иҷро шудааст.
Ӯ мегӯяд, бо тағйирот ба нақша бунёди 30 иншооти дигар илова карда шуд, ки он ҳам то сентябри соли ҷорӣ сад дар сад иҷро мешавад. Ҳоло кор дар боқимонда иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад.
“Мувофиқи нақша соли 2022 – 46 иншоот, соли 2023 – 70, соли 2024 – 68 бино, соли 2025 – 62 иншоот ва соли 2026 – 54 иншоот сохта шуд. Дар соли ҷорӣ 54 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз, 25 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. 144 адад љойњои нави корї гардид. Баъди инфтитоҳи иншооти мавриди назар наздики 600 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидааст”,-афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ