«Амонатбонк»: Фоизи қарзи ипотекӣ аз 18 ба 14 дарсад коҳиш ёфт
«Амонатбонк» дар шаш моҳи соли равон ба 143 муштарӣ ба маблағи умумии 48,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод кардааст.
Дар ин бора 17 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ Алиҷон Салимзода, раиси «Амонатбонк» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарзҳои ипотекӣ 40,7 дарсад ва шумораи қарзгирандагон 24,4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, «Амонатбонк» бо мақсади дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон меъёри фоизии як қатор маҳсулоти қарзиро коҳиш додааст. Аз ҷумла, меъёри қарзҳо барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 18 ба 16 дарсади солона поин бурда шудааст.
Дар доираи ҳамкории бонк бо ширкатҳои сохтмонӣ меъёри қарзҳои ипотекӣ аз 18 ба 14 дарсади солона коҳиш ёфта, муҳлати истифодаи онҳо то 10 сол муқаррар шудааст.
PRESSA.TJ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ