Ҷоми ҷаҳонии- 2026: Испания қаҳрамон шуд

Мунтахаби Испания дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бар тими Аргентина пирӯз шуда, барои бори дуюм унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб гардид.

Бозии финалӣ шаби 20 июл дар варзишгоҳи «Метлайф»-и Иёлоти Муттаҳида баргузор шуда, ғолиб танҳо дар вақти иловагӣ муайян шуд.
Голҳои бозӣ дар вақти асосӣ ба қайд гирифта нашуданд.

Қаҳрамониро ба Испания ҳамлагар Ферран Торрес овард, ки дар дақиқаи 106-уми бозӣ тӯбро ба дарвозаи Аргентина фиристод.

Бо ин пирӯзӣ Испания дувумин Ҷоми ҷаҳонии худро ба даст овард.

Аргентина мусобиқаро бо медали нуқра анҷом дод.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм бошад, мунтахаби Англия бар Фаронса ғалаба карда, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *