Профессор ва таърихшиноси маъруф Намоз Ҳотамов даргузашт
Доктори илмҳои таърих, профессор Намоз Ҳотамов дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.
Номбурда солҳои охир дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буд ва ба тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда мегузошт.
Намоз Ҳотамов 1 сентябри соли 1946 дар деҳаи Шоботии ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Соли 1967 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намуда, соли 1974 рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи доктории худро ҳимоя кардааст. Соли 1994 ба унвони профессор мушарраф гардидааст.
Ӯ солҳои зиёд ҳамчун сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буд.
Профессор Ҳотамов аз муҳаққиқони барҷастаи таърихи халқи тоҷик маҳсуб шуда, беш аз 300 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла монография, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимиро таълиф кардааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ ба таърихи Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва таърихи Бухоро бахшида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ