Рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ аз зиндон озод шуд

Рӯзноманигори тоҷик Завқибек Саидаминӣ рӯзи 18 июл бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуд. Ӯ пас аз чаҳор соли адои ҷазо аз маҳбас раҳо гардид.

Соли 2022 додгоҳ Саидаминиро ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда буд. Мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ гунаҳкор донистанд.

Ба иттилои “Радиои Озодӣ”, пас аз озодӣ Саидаминӣ дар назди маҳбаси «Якум Советский»-и шаҳри Душанбе гуфт, ки ният дорад дар оянда ба фаъолияти рӯзноманигорӣ баргардад. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал мехоҳад ба соҳибкорӣ машғул шавад.

Ба истиқболи ӯ модар, ҳамсар, бародарон ва дигар наздиконаш омадаанд.

Рӯзноманигор дар бораи шароити нигаҳдорӣ дар маҳбас изҳор доштааст, ки бо назардошти собиқаи корӣ ва тахассусаш нисбат ба ӯ муносибати махсус вуҷуд дошт.

Ба гуфтаи Саидаминӣ, як рӯз пеш аз раҳоӣ бо рӯзноманигорони зиндонӣ, аз ҷумла Аҳмади Иброҳим, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Хушрӯз Ғулом, ки ҳамроҳаш дар як муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, хайрухуш кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *