Мунира Шаҳидӣ: Ғарб ба фарҳанги Шарқ ниёз дорад!
Чанд рӯз пеш рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода дар шаҳри Самарқанд бо профессор Мунира Шаҳидӣ мусоҳиба анҷом дода, барои нашр ба “Тоҷикистон” ва Pressa.tj фиристода буд, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
Дар Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ, воқеъ дар шафати майдони Регистони Самарқанд, рӯнамоии асари тозанашри фарҳангшиноси маъруф Мунира Шаҳидӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони илму адаб, санъат, фарҳанг ва воситаҳои ахбори оммаи Самарқанд иштирок карданд. Нависанда Адаш Истад, омӯзгори Омӯзишгоҳи санъат ва мусиқии Самарқанд Равшан Ҳамроқулов, директори Осорхонаи устод Айнӣ Амриддин Пӯлодов ва дигарон дар бораи пайванди маънавии Самарқанду Душанбе, мақоми Зиёдулло Шаҳидӣ дар мусиқии муосири тоҷик ва нақши хонадони ӯ дар муаррифии фарҳанги миллӣ суханронӣ карданд.
Дар поёни маҳфил бо профессор Мунира Шаҳидӣ суҳбате оростем.
– Мунира Зиёдуллоевна, чаро барои рӯнамоии китобатон маҳз Осорхонаи устод Садриддин Айниро интихоб кардед?
– Ин интихоби тасодуфӣ нест. Эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ, ҳамчун яке аз пайравони маънавии устод Садриддин Айнӣ, пайваста дар ҳоли рушд буд ва марҳалаҳои муҳими ҷаҳони ботинии ӯро дар пайванди воқеаҳои бузурги замон инъикос мекард. Падарам Самарқандро ҳамчун зодгоҳ, сарзамини ташаккули шахсият ва макони бунёди хонавода бо ҳамсафари тамоми умрашон Марҳабохонум месуруданд. Душанберо ҳамчун шаҳри ҷавонӣ, фаъолият ва камолоти эҷодӣ дӯст медоштанд. Маскав барои эшон макони омӯзиши фарҳанги мусиқии муосир буд. Маҳз дар он шаҳр нахустин асарҳои полифонӣ, мусиқии камеравӣ, симфонӣ ва арияҳои операҳои ӯ садо доданд ва тадриҷан ба композитор эътирофи васеъ оварданд. Зиёдулло Шаҳидӣ бо заҳмати пайваста ҷойгоҳи худро дар фазои бекарони мусиқии ҷаҳони муосир бунёд намуд. Ӯ аз мероси мусиқии миллӣ дур нашуд, балки кӯшиш кард онро бо забон ва шаклҳои нави мусиқии касбӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.
Ғояи эҳёи Роҳи қадимаи абрешим дар замони муосир ба яке аз самтҳои муҳими илму фарҳанг табдил ёфтааст. Моҳияти он танҳо дар барқарор кардани роҳҳои тиҷоратӣ нест. Он пеш аз ҳама муқовимати зеҳниву фарҳангӣ ба сиёсати мустамликадорӣ ва ба ҳамон «тақсимбандии дағалона»-ест, ки халқҳои дорои таърих ва фарҳанги муштаракро дар чорчӯбаҳои маҳдуд қарор медод.
Татбиқи амалии ин ормонро метавон дар ҳамкории эҷодии намояндагони илму санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида кард. Пешбарандаи ғояи ҳамдилӣ ва ҳамкории халқҳои минтақа устод Садриддин Айнӣ буд. Маҳз бо тавсия ва дастгирии маънавии ӯ Зиёдулло Шаҳидӣ ба офаридани операи «Комде ва Мадан» дар асоси достони Абдулқодири Бедил рӯ овард. Аз ҳамин сабаб, суҳбат дар бораи мероси Зиёдулло Шаҳидӣ дар хонаи устод Айнӣ рамзи идомаи як роҳи бузурги фарҳангист.
– Мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ дар фарҳанги Роҳи абрешим чӣ нақш дошта метавонад?
– Барои ман ва ҳамфикронам ғояи ҷойгоҳи мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ дар Роҳи нави абрешим аз соли 2013 ба таври равшантар таҷассум ёфт. Дар он давра се падидаи муҳим – Наврӯз, Роҳи нави бузурги абрешим ва садсолагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ дар доираи рисолати фарҳангии ЮНЕСКО ба ҳам пайвастанд.
Дар қатъномаи ЮНЕСКО бахшида ба садсолагии композитор таъкид шуда буд, ки Зиёдулло Шаҳидӣ бо офаридани мусиқии муосир ба яке аз намояндагони барҷастаи фарҳанги минтақа табдил ёфт. Асарҳои нахустини камеравии ӯ, аз ҷумла «Рондо» ва «Консерт барои фортепиано ва скрипка», дар ҷустуҷӯи шаклҳо, услубҳо ва воситаҳои нави ифодаи фарҳанги миллӣ эҷод шудаанд.
Орзуи ҳамешагии ӯ таҷассум кардани мақомҳо дар мусиқии симфонии бисёровоза буд. Ин ормон аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба яке аз самтҳои асосии тафаккури эҷодии ӯ табдил ёфт ва то охири умраш идома кард. Саҳми асосии Зиёдулло Шаҳидӣ дар мусиқии ҷаҳонӣ пайвастани анъанаҳои мақомӣ бо тафаккури симфонӣ мебошад. Ӯ дар бархӯрди ин ду фарҳанги мусиқӣ рақобат ё бартарии якеро бар дигаре намеҷуст. Баръакс, ҳамоҳангии ҳастӣ, ягонагии инсон ва ҷовидонии муҳаббатро ҷустуҷӯ мекард.

– Асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ дар муҳити фарҳангии халқҳои дигари минтақа чӣ гуна пазируфта мешуданд?
– Мусиқии ӯ аз ибтидо хусусияти фаромиллӣ дошт. Марши пурэнержие, ки Зиёдулло Шаҳидӣ барои нахустин ҷашнвораи байналмилалии ҷавонон дар Бишкек (он замон шаҳри Фрунзе) офарида буд, соли 1956 дар иҷрои ҷавонони гуногунзабон, гуногунмазҳаб ва намояндагони фарҳангҳои гуногун садо дод.
Сурудҳои амиқан лирикии ӯро овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон иҷро мекарданд. «Симфонияи мақомҳо» соли 1976 дар озмуни умумииттифоқии мусиқии симфонӣ дар Маскав сазовори ҷойи дуюм гардид.
Иҷрои суруди машҳури «Муҳаббат» аз ҷониби овозхони афсонавии Ӯзбекистон Ботир Зокиров бо ҳамроҳии оркестри ҷаз намунаи равшани пайванди фарҳангҳои минтақа мебошад. Гуфтугуҳои чандсоатаи падарам бо нависанда ва мутафаккири маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов низ аз хотираи халқҳои мо зудуда нахоҳанд шуд.
Операи «Комде ва Мадан» моҳи декабри соли 1960 дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Баъдан, соли 1972, он дар Самарқанди барои композитор азиз садо дод. Клавири опера дар оғози солҳои ҳаштодум дар Маскав ба табъ расид ва таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҳамкории фарҳангҳои мусиқиро ба худ ҷалб кард.
Операи дигари ӯ «Ғуломон», ки дар асоси асарҳо ва хотираҳои устод Айнӣ дар бораи муборизаи мардуми Бухоро барои зиндагии нав офарида шудааст, соли 1978 рӯйи саҳна омад. Ин асар ба ташаккули самти нави андешаи эҷодӣ такон бахшид. Дар ҳамин замина аввалин силсилафилми телевизионии тоҷикӣ – «Ҳеҷбудагон…» бо коргардонии Тоҳир Собиров ба вуҷуд омад. Ороиши мусиқии филмро Зиёдулло Шаҳидӣ анҷом дода буд.
Саҳми композиторони Осиёи Марказии асри ХХ дар фарҳанги ҷаҳонӣ ҳанӯз ба таври комил омӯхта нашудааст. Мо акнун аз маҳдудиятҳои идеологии давраи «ҷанги сард» дур шуда, ба арзёбии нави мероси онҳо рӯ меорем. Ташаккули фазои ягонаи Роҳи абрешим барои чунин пажӯҳиш имконияти васеъ фароҳам месозад.
– Дар маҳфили имрӯза доир ба асарҳои тозанашр дар бораи сулолаи Зиёдулло Шаҳидӣ низ сухан рафт. Омӯзиши мероси композитор имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Аз солҳои чилуми асри гузашта то имрӯз даҳҳо мақола, монография ва китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Зиёдулло Шаҳидӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва дигар забонҳо нашр шудаанд. Баррасии интиқодии қисми муҳими онҳо дар монографияи дастаҷамъие ҷой гирифтааст, ки соли 2015 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид. Арзёбии нақши Зиёдулло Шаҳидӣ дар рушди фарҳанги миллии мусиқӣ аз дастовардҳои муҳими ин китоб аст. Марҳалаи муаррифии мероси композитор баъди таъсиси Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқӣ дар соли 1987 қувват гирифт. Дар заминаи он соли 1992 Бунёди байналмилалии фарҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ таъсис ёфт. Соли 1996 ин ташкилот узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Тоҷикистон гардид. Ман ҳамроҳ бо модарам, аъзои хонавода, наберагон, шогирдон ва дӯстдорони эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ талош кардам, ки ин мерос дар кишварҳои гуногун муаррифӣ шавад ва ин корро идома медиҳем. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ нав ба мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ кардааст, мутахассисон дарк кардаанд, ки ҷаҳони Ғарб ва фарҳанги Шарқ ниёз дорад ва дар ин раванд омӯхтани фарҳанги мусиқӣ, аз ҷумла мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ ва пайравонаш бисёр муҳим мебошад.
– Барои суҳбати пурмуҳтаво ва хотирмон сипосгузорем.
– Ман ҳам ташаккур мегӯям.
Суҳбаторо: Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
ш. Самарқанд
АЗ ИДОРА
Мунира Шаҳидӣ – шарқшинос, фарҳангшинос, тарҷумон ва ходими маъруфи фарҳанги тоҷик дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт. Марҳум фарзанди бастакори номвар Зиёдулло Шаҳидӣ буда, барои тарғиби фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳон хидматҳои мондагор кардааст. Профессор Мунира Шаҳидӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи олам дарс гуфта, доир ба фарҳанги тоҷик китобу мақолаҳои зиёд нашр кардааст. Ӯ бунёдгузор ва роҳбари Бунёди байналмилалии фарҳангии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ