Алексей Валеревич Золотухин – ректори нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия
Имрӯз, 17 июл Алексей Валеревич Золотухин ректори нави Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таъйин гардид.
Золотухин то ин вақт муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳи мазкур буд. Ӯ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва профессор мебошад.
Алексей Золотухин хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳ буда, дар сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарии факултети ҳуқуқшиносӣ ва бахши илму инноватсия фаъолият кардааст.
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, фаъолияти он дар заминаи ҳамкории Тоҷикистону Русия ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ аз рӯйи бахшҳои ҳуқуқ, иқтисод ва идоракунӣ, филология, рӯзноманигорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва илмҳои табиӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ