Шинос шавед! Илҳомуддин Иброҳимзода – муовини нави вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Имрӯз, 17 июл Илҳомуддин Иброҳимзода муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъйин гардид.

Дар ин вазифа қаблан Лутфия Абдухолиқзода фаъолият мекард. Ӯ моҳи феврали соли 2022 муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъйин шуда буд ва ахиран ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Илҳомуддин Иброҳимзода то таъйин шудан ба вазифаи муовини вазир ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. Ӯ 3 ноябри соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъйин гардида буд.

Илҳомуддин Иброҳимзода доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва академики Академияи байналмилалии нақлиёти Федератсияи Русия мебошад. Ӯ дар солҳои гуногун ҳамчун омӯзгор, мудири кафедра, муовини ректор ва декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ҳамчунин, қабл аз роҳбарии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буд.

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ӯ сиёсати андозу буҷет, танзими макроиқтисодӣ, низоми пулию қарзӣ, бозори меҳнат ва сармояи инсонӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *