«Амонатбонк» 48, 5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ дод
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаш моҳи соли равон ба 143 муштарӣ 48,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод кардааст. Дар ин бора имрӯз, 17 июл Алиҷон Салимзода, раиси «Амонатбонк» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарзҳои ипотекӣ 40,7 фоиз ва шумораи қарзгирандагон 24,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, «Амонатбонк» бо мақсади дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон меъёри фоизии як қатор маҳсулоти қарзиро коҳиш додааст. Аз ҷумла, меъёри қарзҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 18 ба 16 фоизи солона поин бурда шудааст.


Меъёри қарзҳо барои рушди соҳаи саноат низ аз 18 ба 15 фоизи солона коҳиш ёфтааст.
Дар доираи ҳамкории «Амонатбонк» бо ширкатҳои сохтмонӣ меъёри қарзҳои ипотекӣ ба 14 фоизи солона баробар гардида, муҳлати истифодаи онҳо то 10 сол муқаррар шудааст.
Ҳамчунин, Алиҷон Салимзода хабар дод, ки «Амонатбонк» дар се моҳи аввали соли равон ба кишоварзон ба маблағи 154,7 миллион сомонӣ қарз пешниҳод кардааст.
Коҳиш додани меъёри фоизи қарзҳо, ба гуфтаи масъулони бонк, ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар намудани имконияти аҳолӣ барои хариди манзил равона шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ