36 муассисаи таълимӣ аз аттестатсияи давлатӣ шартан гузаштанд

Дар шаш моҳи соли равон611 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия гузаронида шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Муҳаммадтоҳир Саидзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки аз ин шумора 36 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 6 муассисаи таълимии томактабӣ, 23 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бинобар сабаби пурра ба талаботи меъёрӣ мутобиқат накардан аз аттестатсияи давлатӣ шартан гузаронида шуданд.

Иброз гардид, ки ттестатсияи такрории онҳо давоми ду соли минбаъда муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *