Рӯҳаш шоду ёдаш ҷовидон бод
Бо қалби саршор аз андӯҳ ва дарди гарон хабар медиҳем, ки хоҳари азизамон, инсони наҷиб, меҳрубон ва поктинат Мунира Шаҳидӣ дар синни 84-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Даргузашти ӯ барои хонаводаи мо танҳо аз даст додани як узви оила нест. Ин видои як давраи пур аз меҳру муҳаббат, садоқат, хирад ва хотираҳои гаронбаҳост. Ӯ тамоми умри худро бо поквиҷдонӣ, муҳаббат ба инсон ва вафодорӣ ба арзишҳои оилавӣ сипарӣ намуд ва дар қалби ҳар касе, ки ӯро мешинохт, ҷойгоҳи хос дошт.
Мунирабону аз насли инсонҳое буд, ки бо ҳузури худ гармии хонадонро нигоҳ медоштанд, бо сухани нек дилҳоро таскин мебахшиданд ва бо муҳаббати самимии худ атрофиёнро ба ҳам меоварданд. Рафтори хоксорона, фарҳанги баланд ва инсондӯстии ӯ барои фарзандон, наздикон ва дӯстонаш ҳамеша намунаи ибрат хоҳад монд.
Бо рафтани ӯ саҳифаи пурнури зиндагии хонаводаи мо баста шуд, вале номи некаш, муҳаббаташ ва ёдаш то абад дар дилҳои мо зинда хоҳад монд.
Дар ин лаҳзаҳои сангини мусибат ба фарзандон, наберагон, ҳамаи пайвандону наздикон ва дӯстдорони марҳума ҳамдардии амиқи худро баён намуда, аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои ӯ раҳмату мағфират, ҷаннати фирдавс ва барои бозмондагон сабри ҷамилу аҷри ҷазил хоҳонем.
Имрӯз соати 10. 00 дар хона музеи ба номи Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ маросими видоъ баргузор мегардад.
Рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бод.
Толиб Шаҳидӣ
Гулсифат Шаҳидӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ