З7 миллион сомонӣ зарар. Беш аз 200 корманди шабакаҳои барқ муҷозот шуданд

Тибқи маълумоти Агентии назорат дар соҳаи энергетика, танҳо аз ҳисоби изофанависии нерӯи барқ аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» (ШТБ) ба буҷаи давлат зиёда аз 37 миллион сомонӣ зарар расидааст.

Бино ба иттилои Агентӣ, дар нимсолаи аввал беш аз 122 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ба суратҳисоби муштариён беасос изофанависӣ шудааст. Ҳаҷми зарари молиявии ин қонуншиканӣ зиёда аз 37 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад. Дар робита ба ин қонунвайронкунӣ 263 корманди ШТБ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 186 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҳамзамон, нисбати 45 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Аз рӯйи маълумоти Агентии назорат дар соҳаи энергетика, бештарини ҳолатҳои изофанависӣ дар минтақаҳои ҷанубии кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Дар филиали ШТБ-и минтақаи Кӯлоб зиёда аз 60,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 20,1 миллион сомонӣ изофанависӣ гардидааст.

Дар филиали минтақаи Бохтар бошад, 34,6 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ ғайриқонунӣ ба ҳисобҳо ворид шудааст.

Дар вилояти Суғд низ ҳолатҳои назарраси қонуншиканӣ ошкор гардида, ҳаҷми изофанависӣ беш аз 11,2 миллион киловатт-соат ва зарари расида зиёда аз 3,3 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст. Дар шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан низ қонуншиканӣ ба маблағи наздики як миллион сомонӣ ошкор шудааст.

Дар филиали ШТБ-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 7,2 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ изофанависӣ гардида, дар шаҳри Душанбе низ чунин ҳолатҳо ба маблағи наздики як миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, мақомоти назоратӣ аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз ҷониби корхонаву муассисаҳо низ хабар медиҳанд.

Дар шаш моҳи соли равон 1750 корхона ва ташкилот барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ ошкор шуда, маблағи умумии ҷаримаҳои таъиншуда 24 миллион сомониро ташкил додааст.

Тибқи иттилои Агентии назорат дар соҳаи энергетика, қисми зиёди зарари расида аллакай ба буҷети давлат барқарор гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *