Душанбе дар ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ пешсаф аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 4724 нафар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд. Аз ин шумора 1232 нафар ё тақрибан 26 дарсадро занон ташкил медиҳанд.

Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб шуда, аз рӯйи касбу ихтисосҳои гуногуни ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омӯзиш дидаанд.

Аз шумораи умумии хатмкунандагон 1792 нафар дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, 1431 нафар дар вилояти Суғд ва 954 нафар дар вилояти Хатлон касб омӯхтаанд.

Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 510 нафар ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 37 нафар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм кардаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, шаҳри Душанбе аз рӯйи шумораи шаҳрвандони ба машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалбшуда дар ҷойи аввал қарор дорад. Пас аз он вилояти Суғд ва вилояти Хатлон ҷой гирифтаанд.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки ташкили чунин курсҳо барои соҳибкасб намудани шаҳрвандон, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, бахусус барои шаҳрвандони бекор, ҷавонон, занони хонашин ва шахсоне, ки мехоҳанд касби нав омӯзанд, имкон фароҳам меоранд, ки дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ малакаи зарурӣ гирифта, барои пайдо намудани ҷойи кор ё ба роҳ мондани фаъолияти мустақилона омода шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *