Ҷустуҷӯи духтари дусолаи Алишер Мирзонабот ҳанӯз идома дорад
Ҷустуҷӯи ҷасади духтари дусолаи собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот идома дорад.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, имрӯз, 16 июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки наҷотдиҳандагон корҳои ҷустуҷӯиро дар маҷрои дарёи Панҷ ва атрофи он идома медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди мушкил будани шароити минтақа, гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда фаъолияти худро қатъ накардаанд.
Мошине, ки дар он Алишер Мирзонабот, ҳамсараш, духтари дусола, ёвар ва ронанда қарор доштанд, рӯзи 17 июн дар роҳи Душанбе–Хоруғ ба дарёи Панҷ афтода буд.
Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо то имрӯз ҷасади чаҳор нафар Алишер Мирзонабот, ҳамсараш, ёвар ва ронанда пайдо шудааст. Ҷасади духтари хурдсоли онҳо ҳанӯз пайдо нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ