Академик Хушвахтзода: Олимони тоҷик 11 патент ба даст оварданд

“Дар шаш моҳи соли равон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 99 мавзуи илмӣ, аз ҷумла 65 мавзуи бунёдӣ, 9 мавзуи амалӣ ва 25 мавзуи бунёдию амалӣ идома дода, дар самтҳои афзалиятноки илм натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд” – гуфт Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ.

Дар ин давра олимони академия 11 патент барои ихтироъ, 2 қарори мусбат оид ба додани нахустпатент, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 2 шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи муаллиф ба объектҳои моликияти зеҳниро ба даст оварданд. Олимони академия дар нимсолаи якуми соли 2026 зиёда аз 1320 кори илмӣ ба нашр расонидааанд.

Ҳамчунин, зиёда аз 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур нашр гардид, ки аз онҳо зиёда аз 80 мақола дар пойгоҳи байналмилалии SCOPUS ва беш аз 170 мақола дар РИНС ҷой дода шуданд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *