ХУСДЕҲ. Сафаре, ки роҳи ҷангро баст
Порча аз китоби Шариф ҲАМДАМПУР «ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ХУСДЕҲ ТО СИНГАПУР»
Маводҳои ин китоб заҳмати бисёрсолаест, ки муаллиф ҳангоми сафарҳои зиёди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа омода ва нашр намудааст. Як қисми онҳо дар китоби “Президент. Тафсилоти як сафари пурхатар” соли 2013 чоп шуда буд. Сафарномаҳои мазкур аз заҳматҳои Пешвои миллат дар роҳи барқарорӣ ва таҳкими сулҳ ҳикоят мекунанд. Ҳанӯз соли 1998 Котиби генералии СММ Кофи Аннан пешниҳод карда буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон омӯхта шавад. Ҳоло, ки ташаббуси Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд ва қарор аст, ки соли оянда ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе нахустин ҳамоиши байналмиллалӣ баргузор гардад, муаллиф тасмим гирифт, ки онҳоро такмил ва дигарбора дастраси хонандагон намояд.
Субҳи Душанбе нисбатан ором ба назар мерасид. Офтоб ҳанӯз аз пушти қаторкӯҳҳои Ҳисор пурра сар набароварда буд. Осмони тирамоҳ ранги хокистарии равшан дошт ва шамоли тунд дар майдони фурудгоҳ ҳукмфармоӣ мекард. Дар як гӯша ду чархбол меистоданд. Муҳаррикҳояшон ҳанӯз ба кор надаромада буданд. Онҳо паст шудани шамол ё дастуреро интизор доштанд. Дар гирди чархболҳо чанд нафар қадам зада, бо овози паст суҳбат мекарданд. Онҳо гоҳ ба чархбол менигаристанд, гоҳ ба дарвозаи фурудгоҳ.
Суханонашон нотамом буд, ҳар ҳарфе, ки гуфтан мехостанд, гӯё дар гулӯяшон дармемонд. Дар чеҳраҳояшон изтироб хонда мешуд. Яке хомӯш сигор мекашид, дигаре беихтиёр ба осмон менигарист, савумӣ оњиста қадам мезад ва ҳар лаҳза ба соат менигарист. Шамол миёни онҳоро бурида, домани болопӯшҳояшонро ба ларзиш меовард ва ҳамон ҳақиқати талхеро гуфтан мехост, ки ҳама медонистанд, аммо ҳеҷ кас ҷуръати ба забон оварданашро надошт.
Ҳама сафареро интизор буданд, ки пур аз хатар буд. Ин сафар метавонист бебозгашт бошад. Баъзеҳо умед доштанд, ки онро ба таъхир хоҳанд андохт. Лоақал ба он хотир, ки њаво мусоид набуд, шамоли сахт мевазид. Дигарон ба муваффақияти мулоқоти дар пеш истода бовар надоштанд. Касоне низ буданд, ки сафар ба Афғонистони ҷангзадаро доми марге медонистанд, ки барои ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон омода карда шудааст. Бо вуҷуди ин, касе фурудгоҳро тарк намекард. Ҳама мунтазир буданд. Мунтазири тасмими шахсе, ки метавонист бо як қарор ин сукути вазнинро шиканад. Каме дуртар вазири амният Сайидамир Зуҳуров ба чанд сарбози мусаллаҳ дастур медод. Нигоҳи тезаш касеро ҳам аз мадди назар дур намегузошт. Ҳар ҷузъиёти сафарро дигарбора месанҷид, ҳар мавқеъро бо нигоҳи таҷриба баррасӣ мекард.
Дар чеҳрааш оромӣ ҳукмфармо буд. Вале ин оромии марде буд, ки хатари дарпешистодаро пурра эњсос мекард ва намегузошт он дар чеҳрааш хонда шавад. Дар назди чархбол роҳбари дастаи муҳофизон Мурод Саидов рост меистод. Нигоҳаш лаҳзае аз даромадгоҳи фурудгоҳ канда намешуд. Гоҳ ба сӯйи одамони рафтуомадкунанда менигарист, гоҳ гирду атрофи майдонро бо чашми нозукбин аз назар мегузаронд. Ҳаракати ҳар инсон, ҳар мошин ва ҳатто соя аз нигоҳаш пинҳон намемонд. Ӯ ба гуфтугуҳои парокандаи атрофиён аҳамият намедод. Барояш сафар кайҳо оғоз гашта буд. Дар зеҳнаш пайиҳам эҳтимолҳои гуногун чарх мезаданд: агар ҳамла шавад… агар чархболро маҷбуран ба замин шинонанд, агар… Агарҳо зиёд буданд. Вақт бемайлон пеш мерафт. Ақрабаки соат ба касе имкони ақиб нигоҳ кардан намедод. Ҳар дақиқаи таъхир метавонист нақшаро тағйир диҳад. Мурод бори дигар гирди чархбол давр зад. Бо диққат ба чархҳо, парраҳо ва дарҳои кабина назар андохт. Ҳама чиз бояд бенуқсон мебуд. Ӯ назди зинапоя қарор гирифт. Нигоҳаш дубора ба сӯйи толори фурудгоҳ дӯхта шуд. Дари толор оҳиста боз гашт. Аввал чанд нафар аз роҳбарони воломақом берун омаданд.
Лаҳзае баъд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намудор шуд. Ӯ ором, вале устувор қадам мезад. Дар роҳравӣ, нигоҳ ва чеҳрааш ҳеҷ нишоне аз дудилагӣ дида намешуд. Гӯё барояш қарор кайҳо қабул шуда ва акнун танҳо вақти иҷрои он расида аст. Ҳамон лаҳза гуфтугуҳои пароканда қатъ гаштанд. Касе дигар ба соат нигоҳ намекард. Ҳама нигоҳҳо ба сӯйи Президент дӯхта шуданд. Дар чашмони баъзеҳо ҳанӯз шуълаи ночизи умед медурахшид: шояд лаҳзаи охир қарор дигар шавад, шояд сафар ба таъхир афтад, шояд роҳи дигаре пайдо гардад. Аммо бо ҳар қадаме, ки ӯ ба сӯйи чархбол мегузошт, он шуъла хомӯштар мегашт.
Ниҳоят ба ҳама равшан шуд, ки ин сафар сурат мегирад, тасмим дигар тағйир намеёбад. Ҳамон лаҳза ҳама дарк карданд, ки акнун тақдири ин рӯзро на ақрабаки соат, балки иродаи як инсон муайян мекунад. Президент назди чархбол истод. Дида ба чеҳраҳои ҷамъомадагон давонд. Сипас, оромона ба зинапоя наздик шуд. Як қадам. Баъд қадами дигар. Дар байни зинапояҳо бозистод. Аз он баландӣ ба ҳамсафаронаш, ба ҳар кадоме, ки дудила буданду интизори қарори ниҳоӣ меистоданд, маънидорона нигарист. Сукут ҳукмфармо гардид. Ҳатто шамол, ки то он дам домани болопӯшҳоро ба ларза меовард, гӯё аз вазидан бозмонд. Президент нигоҳи худро аз рӯйи чеҳраҳо наканда, бо овози ором, вале устувор, ки ҳар калимааш мисли амр садо медод, гуфт:
– ҲАР КӢ АЗ ҶОНАШ ГУЗАР ДОРАД, БО МАН БА ЧАРХБОЛ НИШИНАД!
Касе чизе нагуфт. Эътирозе ҳам нашуд. Дигар ҳарфе дар бораи ба таъхир андохтани сафар намезаданд. Бо ҳамон як ҷумла баҳсҳо анҷом ёфтанд. Президент бо қадамҳои ором, вале устувор аз зинапоя боло шуд ва аввалин шуда вориди чархбол гашт. Гӯё мехост бо ҳамин амалаш ба ҳамсафаронаш бифаҳмонад, ки роҳи интихобшуда дигар бозгашт надорад. Аз паси ӯ роҳбари дастаи муҳофизон Мурод Саидов вориди чархбол шуд. Як лаҳза дар даромадгоҳ истода, ба саҳни фурудгоҳ ва ба чеҳраҳои ҳамсафаронаш нигарист. Нигоҳе кӯтоҳ, вале пурмаъно. Ҳамсафарон яке паси дигар, хомӯш, сархам ба сӯйи чархболҳо қадам заданд. Касе шитоб намекард. Касе ақиб ҳам нагашт. Ҳар кадом пеш аз боло шудан ба зинапоя, бегумон, бори дигар ба саҳни фу-рудгоҳ менигарист. Шояд ин охирин нигоҳ ба Душанбе буд. Шояд охирин нигоҳ ба ватане, ки намедонистанд дигарбора диданаш насиб мешавад ё не. Сайидамир Зуҳуров то лаҳзаи охир дар берун монд.
Ин одати солҳои тӯлонии хизматиаш буд: фармондеҳ ҳақ надорад пеш аз мутмаин шудан аз амнияти дигарон ҷойи худро ишғол кунад. Танҳо баъди он ки атрофро бори дигар дақиқ аз назар гузаронд ва бовар ҳосил кард, ки ҳама дар ҷойи худ қарор доранд, бо шитоб ба чархбол савор шуд. Дари чархбол баста гашт. Акнун барои ақиб гаштан роҳ намонда буд. Муҳаррики чархбол ба кор даромад. Аввал садои пасти турбина баланд шуд. Баъд он садо пурзӯртар гардида, хомӯшии саҳарро шикаст.
Давом дорад
Муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№28, 1692), 15.07.2026
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ