Марги 12 нафар дар пайи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар пайи офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои изтирорӣ дар Тоҷикистон 12 нафар ҷон бохта, ба иқтисоди кишвар 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Дар ин бора Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода имрӯз, 16-уми июл, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ҳисоботи фаъолияти нимсолаи худ иттилоъ дод, ки дар ин давра дар ҳудуди кишвар 741 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 508 ҳодисаи тармафароӣ, 123 селфароӣ, 27 сангрезӣ, 27 шамоли сахт, 26 заминларза, 11 боришоти борон, 10 ярч, 4 ҳолати баландшавии сатҳи об, 4 бориши барфи зиёд ва як мавриди раъду барқ сабт шудааст.

Аз 12 нафари фавтида 7 кас бар асари сел, 2 нафар дар натиҷаи тармафароӣ ва якнафарӣ дар пайи сангрезӣ, лағзиши теппа ва шамоли сахт ҷони худро аз даст додаанд.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки шумораи офатҳои табиӣ, талафоти ҷонӣ ва ҳаҷми зарари иқтисодӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Дар шаш моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолати фавқулода сабт шуда, бар асари онҳо 6 нафар ҷон бохта буданд. Ҳаҷми зарари расида ба иқтисоди кишвар он замон қариб 20 миллион сомониро ташкил медод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *